Бозгашти қатораи осебдидаи Маскав – Душанбе (видео)

Қатораи хатсайри Маскав – Душанбе, ки дар қаламрави Русия мавриди ҳамла қарор гирифта буд, ба истгоҳи роҳи оҳани пойтахт баргашт. Миёни мусофирон шахсони осебдида аз ин ҳодиса набуданд. Аксари мусофирон сухан гуфтан дар бораи ин ҳодисаро рад намуда, зикр карданд, ки бидуни мушкилие ба Душанбе расидаанд. Ба саволи журналистон дар бораи шикаста будани тирезаҳои чанде […]


Қатораи хатсайри Маскав – Душанбе, ки дар қаламрави Русия мавриди ҳамла қарор гирифта буд, ба истгоҳи роҳи оҳани пойтахт баргашт.

Миёни мусофирон шахсони осебдида аз ин ҳодиса набуданд. Аксари мусофирон сухан гуфтан дар бораи ин ҳодисаро рад намуда, зикр карданд, ки бидуни мушкилие ба Душанбе расидаанд.

Ба саволи журналистон дар бораи шикаста будани тирезаҳои чанде аз вагонҳо онҳо ҳамоно изҳор мекарданд, ки дар роҳ ба сӯи Душанбе ҳеҷ ҳодисае рух надодааст.

Дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» роҳбалади қатора Ҳасан Мираков дар ин робита изҳор намуд, ки шомгоҳон дар назди истгоҳи «Терновка» ба қатора, ки бо суръати 80 км дар як соат ҳаракат дошт, шахсони номаълум санг партофтаанд, ки тиреза шикастааст.

«Чунин ҳодиса бори аввал рух медиҳад ва чунин ба назар мерасад, ки ин тасодфан ба вуқӯъ пайваст. Ба гумонам шахсоне, ки ба қатора санг партофтанд, сархуш буданд, зеро аз тӯй баромада буданд», – иброз дошт ӯ.

Вақте журналистон ба Мираков хабар доданд, ки бино ба маълумоти сафорати Тоҷикистон дар Русия, ҳамла зимни таваққуфи қатора дар истгоҳ рух додааст, ӯ изҳор намуд, ки «аз маълумоти сафорат хабар надорад ва чизи бо чашмонаш дидаро ҳикоят мекунад».

Ба қавли роҳбалад, дар истгоҳи дигар пулиси нақлиёт қатораро аз назар гузаронида, дар бораи зиёни расида бо роҳбаладон суҳбат кардааст.

Ҳарчанд роҳбалад мегӯяд, ки ба сӯи қатора танҳо як санг партофта шуда буд, зимни аз назар гузаронидани қатора мо мушоҳида намудем, ки аз вагони 1 то 7-ум осори «ҳамлаи сангӣ» аён аст, шишаи баъзе тирезаҳо кафида ё харошида шудаанд. Дар тамбури ду вагон бошад, онҳо умуман мавҷуд нестанд ва ба ҷойи онҳо картон гузошта шудааст.

Рӯзи сешанбеи ҳамин ҳафта сафорати Тоҷикистон дар Русия маълумот дод, ки шоми рӯзи 26-уми октябр зимни таваққуфи техникӣ дар истгоҳи Терновкаи роҳи оҳани Русия қатораи хатсайри Маскав-Душанбе

мавриди ҳамла

қарор гирифтааст. Дар маълумот зикр гардида буд, ки ҳамлаи ногаҳонӣ аз ҷониби як гурӯҳи иборат аз 20 нафар шахсони славянитабор сурат гирифта, 20 шишаи тирезаи вагонҳо шикаста ва ба чанде аз мусофирон осеби сабуки ҷисмонӣ расонида шудааст.

Худи ҳамон рӯз дар ин робита сафорати Тоҷикистон тавассути роҳҳои дипломатӣ ба Русия муроҷиат намуда, тафтиши мӯшикофонаи ин падидаи қавмгароӣ ва ҷуброни зарари моддии расида ба КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон»-ро дархост кард.

Рӯзи 30-юми октябр намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон дар Русия Муҳаммад Эгамзод бар ин назар аст, ки дар ҳамлаи рӯзи 26-уми октябр рухдода ба қатораи самти Маскав-Душанбе дар қаламрави Русия набояд

ангезаи сиёсӣ

дода шавад.

Дар навбати худ аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд, ки  Вазорати корҳои хориҷии Русия то ҳол ба нотаи сафорати Тоҷикистон, ки дар он таҳқиқи ҳодисаи ҳамлаи афроди номаълум ба қатораи самти Маскав – Душанбе дархост мешавад,

посух нагуфтааст

.

https://www.youtube.com/watch?v=IuQIce7lxgE

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.