ҲСДТ ба интихоботи президентӣ таҳрим эълон кард

Шӯрои сиёсии Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон дар бораи эълони таҳрим (бойкот) ба интихоботи президентӣ қарор қабул кард. Матни қарори Шӯрои сиёсии ҳизб дар саҳифаи раиси ин ҳизб Раҳматилло Зойиро вдар шабакаи иҷтимоии Facebook интишор гардидааст. Дар он зикр мегардад, ки Шурои сиёсии Ҳизби сосиал-демократи Тоҷикистон раванди интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соли 2013 ҳаматарафа баррасӣ намуда, […]

ASIA-Plus


Шӯрои сиёсии Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон дар бораи эълони таҳрим (бойкот) ба интихоботи президентӣ қарор қабул кард. Матни қарори Шӯрои сиёсии ҳизб дар саҳифаи раиси ин ҳизб Раҳматилло Зойиро вдар шабакаи иҷтимоии Facebook интишор гардидааст.

Дар он зикр мегардад, ки Шурои сиёсии Ҳизби сосиал-демократи Тоҷикистон раванди интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соли 2013 ҳаматарафа баррасӣ намуда, таъкид менамояд, ки бинобар набудани иродаи сиёсӣ ин маъракаи муҳим бар хилофи Конститутсия ва дар асоси тақаллуби муташаккил баргузор мегардад ва бар зидди манфиатҳои миллӣ ва демократия будани худро собит намуд.

«Бинобар ин, Шӯрои сиёсии Ҳизби сосиал-демократи Тоҷикистон (ҲСДТ) «Дар бораи таҳрими (бойкоти) интихоботи ғайриқонунӣ ва қалбакии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» қарор қабул кард», – гуфта мешавад дар матни қарор.

Дар қарор ҳамчунин гуфта мешавад, интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 2013 – ро, ки дар асоси қонуни номукаммал ва ғайриконститутсионӣ, нобаробарии ҳизбҳои сиёсӣ ва номзадҳо, ба хусус, тақаллуби муташаккил дар чамъоварии имзоҳо барои дастгирии номзадҳо ба мақоми президентӣ, маҳрум кардани зиёда аз якуним миллион муҳочирони корӣ аз ҷамъоварии имзоҳо, ба қайд нагирифтани О. Бобоназарова, пешниҳод ва бақайдгирии ғайриконститутсионии Э. Раҳмон ҳамчун номзад, вайрон кардани Конститутсия аз ҷониби президенти амалкунанда ҳамчун кафили он, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, КМИР ва сатҳҳои мухталифи мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ҷараён гирифт, ғайриқонунӣ ва қалбакӣ эълом мекунад.

«Тоҷикистон дар ҷараёни интихоботи президентӣ ба ҳолати буҳрони конститутсионӣ ворид шуд. Конститутсия, қонун ва ҳуқуқҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванди Точикистон беқадр гардид. Бо натиҷагирии раванди интихоботи ғайриқонунӣ ва қалбакӣ ба сохти конститутсионӣ, амнияти миллӣ ва идораи давлатӣ хатар таҳдид мекунад. Бинобар ин натиҷаи интихоботи ғайриқонунӣ ва қалбакиро, ки хилофи Конститутсия, манфиатҳои миллӣ ва арзишҳои демократӣ мебошад, ҲСДТ эътироф надорад ва интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки ба 6 ноябри с. 2013 таъин гардидааст, таҳрим (бойкот) менамояд», – омадааст дар қарор. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.