Интиқоли беш аз 1,6 млрд. $ аз Русия ба Тоҷикистон дар зарфи ним сол

Семоҳаи дуюми соли равон аз Русия ба Тоҷикистон аз ҷониби шахсони воқеӣ беш аз 1 млрд. $ маблағи пулӣ интиқол дода шудааст, ки нисбат ба семоҳаи аввал 45% зиёдтар аст. Бино ба маълумоти Бонки марказии Русия, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ аз Русия ба ҷумҳурӣ аз ҷониби шахсони хусусӣ 1 млрд. 685 млн. $ маблағи […]


Семоҳаи дуюми соли равон аз Русия ба Тоҷикистон аз ҷониби шахсони воқеӣ беш аз 1 млрд. $ маблағи пулӣ интиқол дода шудааст, ки нисбат ба семоҳаи аввал 45% зиёдтар аст.

Бино ба маълумоти Бонки марказии Русия, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ аз Русия ба ҷумҳурӣ аз ҷониби шахсони хусусӣ 1 млрд. 685 млн. $ маблағи пулӣ ворид шудааст. Ин нишондиҳанда дар нимсолаи аввали соли 2012 ба 1 млрд. 671 млн. $ баробар шуда, соли гузашта дар маҷмӯъ аз ҷониби шахсони воқеӣ ба ҷумҳурӣ 3 млрд. 595,2 млн. $ маблағ интиқол ёфта буд.

Ба иттилои манбаъ, дар ин давра шахсони воқеӣ аз Тоҷикистон ба Русия 208 млн. $ маблағи пулӣ интиқол додаанд.

Мақомоти расмии Тоҷикистон худдорӣ варзидан аз интишори маълумот дар бораи ҳаҷми интиқоли маблағҳои муҳоҷирони кориро афзал медонанд. «Ман доир ба интиқоли маблағҳо чизе гуфтанӣ нестам, зеро ин масъала метавонад ангезаи сиёсӣ касб кунад», – гуфта буд зимни нишасти матбуотии рӯзи 23-юми июл раиси Бонки миллии Тоҷикистон Абдуҷаббор Ширинов.

Шурӯъ аз моҳи майи соли ҷорӣ Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ аз интишори маълумот дар бораи ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулии муҳоҷирон даст кашид, ки дар гузориши «Мониторинг ва огоҳии барвақтӣ дар Тоҷикистон» дарҷ мешуданд.

Бино ба маълумоти Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ, дар 4 моҳи соли равон ба ҷумҳурӣ ҳудуди 848,5 млн. доллари ИМА маблағи пулӣ ворид гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 9,5% зиёдтар аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.