Дар Суғд ҳудуди 150 кило маводи мухаддир сӯзонида шуд

Дар оташдони махсуси Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар ҷамъи намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ ва хабарнигорони ватаниву хориҷии вилоят 146 килову 104 грам маводи мухаддир чун далели шайъии 9  парвандаи ҷиноӣ бо роҳи сӯзонидан нобуд карда шуд. Бино ба иттилои Агентии назорати маводи нашъаовар, аз миқдори […]

ASIA-Plus


Дар оташдони махсуси Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар ҷамъи намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ ва хабарнигорони ватаниву хориҷии вилоят 146 килову 104 грам маводи мухаддир чун далели шайъии 9  парвандаи ҷиноӣ бо роҳи сӯзонидан нобуд карда шуд.

Бино ба иттилои Агентии назорати маводи нашъаовар, аз миқдори умумии мухаддироти сӯзондашуда 79 килову 567 грами он героин буда, ҳашиш  66 килову 357 грам ва афюн 180 грамро ташкил дод.

Ҳиссаи бештари мухаддироте, ки сӯзонда мешавад, героин (зиёда аз 79 кило) аст, ки кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии вилоят дар ҷараёни баргузории чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ мусодира кардаанд.

Маврид ба ёдоварист, ки аз рӯзи ташкилшавии Агентии назорати маводи нашъаовар то ҳоло зиёда аз 14 тонна воситаҳои нашъадор сӯзонида нобуд карда шудаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.