Вохӯрии номзадҳо бо интихобкунандагон ба итмом мерасад

Номзадҳо ба мансаби президенти Тоҷикистон имрӯз дар шаҳри Хоруғ бо интихобкунандагони ВМКБ мулоқот баргузор намуда, ҳамин тариқ вохӯриҳои худро бо мардум ба итмом мерасонанд. Роҳбари дастгоҳи КМИР ҶТ Абдуманнон Додоев ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки сарфи назар аз мутобиқи нақшаи КМИР расман ба охир расидани вохӯриҳо, номзадҳо ва шахсони боэътимоди онҳо […]

Аваз Юлдошев


Номзадҳо ба мансаби президенти Тоҷикистон имрӯз дар шаҳри Хоруғ бо интихобкунандагони ВМКБ мулоқот баргузор намуда, ҳамин тариқ вохӯриҳои худро бо мардум ба итмом мерасонанд.

Роҳбари дастгоҳи КМИР ҶТ Абдуманнон Додоев ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки сарфи назар аз мутобиқи нақшаи КМИР расман ба охир расидани вохӯриҳо, номзадҳо ва шахсони боэътимоди онҳо тибқи нақшаҳои инфиродии худ то 5-уми ноябр метавонанд бо интихобкунандагон вохӯриҳо доир намуда, корҳои дигари таблиғотӣ гузаронанд.

Мувофиқи талаботи меъёрҳои қонунгузории Тоҷикистон, як рӯз пеш аз интихобот Рӯзи хомӯшӣ эълон мегардад. Дар ин рӯз, 5-уми ноябр баргузор намудани чорабиниҳои таблиғотӣ барои номзадҳо манъ аст.

Дар Тоҷикистон аз 16-уми октябр расман маъракаи пешазинтихоботӣ ба мансаби президентӣ оғоз гардид. Интихобот рӯзи 6-уми ноябр доир мегардад. Айни замон ба сифати номзад ба мақоми президенти Тоҷикистон расман 6 нафар ба қайд гирифта шуданд. Инҳо президенти амалкунандаи ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон, намояндаи Ҳизби аграрӣ академик Толиббек Бухориев, раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ Олимҷон Бобоев, муовини раиси Ҳизби коммунист Исмоил Талбаков, раиси Ҳизби сотсиалистӣ Абдуҳалим Ғаффоров ва раиси Ҳизби демократии Тоҷикистон Саидҷаъфар Исмонов мебошанд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.