Вакилони парлумон ғайриқонунӣ фаъолияти худро қатъ намуданд

Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон аз 24-уми октябр дар ҳавзаҳои интихоботӣ ба ҷонибдории номзадҳо ба мансаби президентӣ аз ҳизбҳои сиёсии худ маъракаҳои таблиғотӣ мегузаронанд. Барои озод будан аз кори бевоситаи худ онҳо аз раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров иҷозат гирифтаанд, вале тавре маълум мешавад, ин бар хилофи регламенти палатаи поёнии парлумон аст. Муовини […]

Аваз Юлдошев


Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон аз 24-уми октябр дар ҳавзаҳои интихоботӣ ба ҷонибдории номзадҳо ба мансаби президентӣ аз ҳизбҳои сиёсии худ маъракаҳои таблиғотӣ мегузаронанд. Барои озод будан аз кори бевоситаи худ онҳо аз раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров иҷозат гирифтаанд, вале тавре маълум мешавад, ин бар хилофи регламенти палатаи поёнии парлумон аст.

Муовини аввали раиси ҲНИТ, вакили палатаи поёнии парлумон Саидумар Ҳусайнӣ ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки дар ҷаласаи ахири иҷлосияи панҷуми МНМО ҶТ рӯзи 23-юми октябр дар бораи ба минтақаҳо сафарбар шудани вакилон ҷиҳати дастгирии номзадҳо тасмим гирифта шудааст.

«Он замон раиси палата Шукурҷон Зуҳров эълон кард, ки бо дархости вакилон аз аҳзоби сиёсӣ раҳбарияти МНМО ҶТ ба онҳо барои роҳандозии корҳои таблиғотӣ дар минтақаҳо ба ҷонибдории номзадҳояшон иҷозат медиҳад», – хабар дод Ҳусайнӣ.

Ба қавли ӯ, ин қарор мухолифи регламенти мақоми олии қонунгузории ҷумҳурӣ аст. Худи Ҳусайнӣ ва ҳамчунин раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ, ки ҳарду вакилони парлумонанд, айни замон «истироҳат доранд», зеро номзад аз ҲНИТ дар интихобот иштирок намекунад. Номбурда афзуд, 10 нафар вакилони ғайриҳизбӣ низ аз кори бевосита озод карда шудаанд.

Раиси ҲКТ, вакили парлумон Шодӣ Шабдолов ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки мутобиқи меъёрҳои қонунгузорӣ, дар давраи баргузории интихобот танҳо шахсони боътимоди номзадҳо бо нигаҳдории пардохти музди меҳнат аз кори асосӣ озод карда мешаванд. «Мутобиқи регламети МНМО ҶТ, вакилони парлумон танҳо дар давраи таътили тобистона барои вохӯрӣ бо интихобкунандагон ба минтақаҳо сафар карда метавонанд», – таъкид дошт раиси ҲКТ.

Тибқи маълумоте, ки ОИ «Азия-Плюс» дар ихтиёр дорад, танҳо се нафар вакилони палатаи поёнии парлумон ҳамчун шахсони боэътимоди номзадҳо ба мансаби президентӣ аз ҷониби КМИР расман сабти ном шудаанд, ки инҳо Олим Салимзода – шахси боэътимоди номзад аз ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон, Шодӣ Шабдолов – шахси боэътимоди номзад аз ҲКТ Исмоил Талбаков ва вакил Муҳаммадшариф Нозимов – шахси боэътимоди номзад аз ҲИИТ Олимҷон Бобоев мебошанд.

Тавре қаблан хабар дода будем, фраксияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар палатаи поёнии парлумон дар ҳайати пурра (45 нафар вакилон) ҷиҳати вохӯрӣ бо интихобкунандагон

озими манотиқи ҷумҳурӣ шуд

. Ҳадаф аз сафар шарҳу таблиғи барномаи пешазинтихоботии номзад ба мақоми президентӣ аз ҲХДТ, президенти амалкунанда Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Ҳайати палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон аз 63 вакил иборат буда, 45 нафарашон аъзои ҲХДТ мебошанд. Ҳизби коммунист, Ҳизби аграрӣ, Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ва ҲНИТ ҳар кадоме дар парлумон соҳиби ду курсӣ мебошанд. Даҳ нафар вакилони Маҷлиси намяондагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон ғайриҳизбианд.

Тибқи маълумоти расида ба ОИ «Азия-Плюс», вакилон рӯзи душанбе, 3-юми ноябр ба кор мебароянд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.