Дар шаҳри Чкаловски вилояти Суғд як корхонаи бузурги истеҳсоли борхалтаҳои пропилении ҳаҷмашон аз 2 кг то 2 тонна – ҶДММ «Суғд пак» ба фаъолият оғоз намуд.
Бино ба иттилои шуъбаи котиботи Вазорати энергетика ва саноати ҶТ, ин корхона бо саҳмгузории соҳибкорони ватанӣ Шодимурод Саидов ва Миралӣ Усмонов бунёд гардидааст.
Маблағи умумии сармоя барои ташкили корхона 12,5 миллион сомонӣ (ё 0,5 млн.доллари ИМА)- ро ташкил медиҳад, ки аз ин 12 миллион сомонӣ (ё 2,5млн.доллари ИМА) барои хариди 6 хати технологии истеҳсоли борхалтаҳои ҳаҷмашон аз 2 кг то 2 тонна сарф карда шудааст. Корхона пурра аз ҷониби соҳикорони ватанӣ сармоягузорӣ карда шудааст. Ҳоло дар ин корхона коргоҳҳои ресандагӣ, бофандагӣ, дӯзандагӣ, навиштаҷоти рӯйи халтаҳо ва ламинатсиякунии дохили борхалтаҳо омодаи коранд.
Иқтидори лоиҳавии истеҳсолии корхонаи мазкур дар як сол 40 миллион дона борхалтаҳои хурду бузургро ташкил намуда, баъдан ҳангоми зиёд шудани талабот аз ин ҳам зиёд кардан мумкин аст. Саҳмдорони корхона барои пешниҳоди ин маҳсулот бо давлатҳои Қазоқистон, Русия, Украина ва Беларус ва дигар кишварҳо созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонидааст.
Маҳсулоти корхона барои минбаъд дар корхонаҳои саноатӣ, хӯрокворӣ ва ғайра истифода бурда мешавад. Технологияи истеҳсолӣ аз давлатҳои Хитой ва Тайванд ворид шуда, ашёи хом полипропилен аз давлатҳои Эрон ва Россия оварда мешавад.
Ҳоло дар ин корхона беш аз 120 нафар ҷойи кори доимӣ муҳайё гардида, ҳангоми пурра ба кор даровардани иқтидори истеҳсолӣ, он ба 720 нафар расонида мешавад.



