Корхонаи бузурги истеҳсоли борхалтаҳои пропиленӣ дар Чкаловск

Дар шаҳри Чкаловски вилояти Суғд як корхонаи бузурги истеҳсоли борхалтаҳои пропилении ҳаҷмашон аз 2 кг то 2 тонна – ҶДММ «Суғд пак» ба фаъолият оғоз намуд. Бино ба иттилои шуъбаи котиботи Вазорати энергетика ва саноати ҶТ, ин корхона бо саҳмгузории соҳибкорони ватанӣ Шодимурод Саидов ва Миралӣ Усмонов бунёд гардидааст. Маблағи умумии сармоя барои ташкили корхона […]

ASIA-Plus


Дар шаҳри Чкаловски вилояти Суғд як корхонаи бузурги истеҳсоли борхалтаҳои пропилении ҳаҷмашон аз 2 кг то 2 тонна – ҶДММ «Суғд пак» ба фаъолият оғоз намуд.

Бино ба иттилои шуъбаи котиботи Вазорати энергетика ва саноати ҶТ, ин корхона бо саҳмгузории соҳибкорони ватанӣ Шодимурод Саидов ва Миралӣ Усмонов бунёд гардидааст.

Маблағи умумии сармоя барои ташкили корхона 12,5 миллион сомонӣ (ё 0,5 млн.доллари ИМА)- ро ташкил медиҳад, ки аз ин 12 миллион сомонӣ (ё 2,5млн.доллари ИМА) барои хариди 6 хати технологии истеҳсоли борхалтаҳои ҳаҷмашон аз 2 кг то 2 тонна сарф карда шудааст. Корхона пурра аз ҷониби соҳикорони ватанӣ сармоягузорӣ карда шудааст. Ҳоло дар ин корхона коргоҳҳои ресандагӣ, бофандагӣ, дӯзандагӣ, навиштаҷоти рӯйи халтаҳо ва ламинатсиякунии дохили борхалтаҳо омодаи коранд.

Иқтидори лоиҳавии истеҳсолии корхонаи мазкур дар як сол 40 миллион дона борхалтаҳои хурду бузургро ташкил намуда, баъдан ҳангоми зиёд шудани талабот аз ин ҳам зиёд кардан мумкин аст. Саҳмдорони корхона барои пешниҳоди ин маҳсулот бо давлатҳои Қазоқистон, Русия, Украина ва Беларус ва дигар кишварҳо созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонидааст.

Маҳсулоти корхона барои минбаъд дар корхонаҳои саноатӣ, хӯрокворӣ ва ғайра истифода бурда мешавад. Технологияи истеҳсолӣ аз давлатҳои Хитой ва Тайванд ворид шуда, ашёи хом полипропилен аз давлатҳои Эрон ва Россия оварда мешавад.

Ҳоло дар ин корхона беш аз 120 нафар ҷойи кори доимӣ муҳайё гардида, ҳангоми пурра ба кор даровардани иқтидори истеҳсолӣ, он ба 720 нафар расонида мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.