Додоев: Зойиров чӣ хостанашро худаш ҳам намедонад

– Изҳороти беасосу сершумори раиси ҲСДТ нисбати интихоботи президентӣ ба он ҳеҷ таъсире нахоҳад гузошт ва интихобот озодонаву демократӣ ва шаффоф баргузор хоҳад шуд, – гуфт роҳбари дастгоҳи ҚМИР ҶТ Абдуманнон Додоев дар робита ба қарори Шӯрои сиёсии ҲСДТ оид ба таҳрими интихобот. Ба қавли ӯ, КМИР изҳороти беасоси Раҳматилло Зойировро эътироф намекунад. «Ӯ ба […]

ASIA-Plus


– Изҳороти беасосу сершумори раиси ҲСДТ нисбати интихоботи президентӣ ба он ҳеҷ таъсире нахоҳад гузошт ва интихобот озодонаву демократӣ ва шаффоф баргузор хоҳад шуд, – гуфт роҳбари дастгоҳи ҚМИР ҶТ Абдуманнон Додоев дар робита ба қарори Шӯрои сиёсии ҲСДТ оид ба

таҳрими интихобот.

Ба қавли ӯ, КМИР изҳороти беасоси Раҳматилло Зойировро эътироф намекунад. «Ӯ ба ҳеҷ гунае меъёрҳои қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ дар бораи интихоботро эътироф ва риоя карданӣ нест», – мегӯяд Додоев.

«Зойиров КМИР-ро айбдор мекунад, ки мо номзади ҲНИТ Ойниҳол Бобоназароваро ба қайд нагирифтем, вале худаш фаромӯш мекунад, ки ҲСДТ то рӯзи муқрраршуда ҳатто анҷумани пешазинтихоботӣ баргузор накард, то ки аз номзадии ӯ расман ҷонибдорӣ намояд», – таъкид дошт роҳбари дастгоҳи КМИР.

Ба андешаи Додоев, Зойиров ва ҳаммаслакони сиёсии ӯро зарур аст, ки бори дигар бодиққат меъёрҳои Конститусияи ҷумҳурӣ, қонунҳои дахлдор дар бораи интихобот, ҳуқуқи шаҳрвандон баҳри иштирок дар он, ҳуқуқҳои довталабон ба мансаби президентиро омӯхта, сипас ягон изҳороте интишор намоянд.

Интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон баъди 5 рӯз – 6-уми ноябр баргузор мегардад. Ба мансаби президентӣ 6 нафар номзадҳо доваталабӣ доранд. Дар мониторинги интихобот беш аз 500 нафар нозирони байнулмилалӣ аз 40 кишвари дунё ширкат меварзанд.

Ба эътиқоди Додоев, то имрӯз ягон нафар нозири байнулмилалӣ ба ҷараёни маъракаи интихобот эрод нагирифтааст. «Аммо Зойиров сару калобаашро гум карда, баъзан чунин ба назар мерасад, ки чӣ хостанашро ӯ худаш ҳам намедонад», – афзуд номбурда.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.