Дар фурудгоҳи Душанбе гармхона сохта шуд

Дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе бо супориши роҳбарият ва ибтикори муҳандисони соҳа гармхонаи муосир сохта шуд, ки масоҳати умумии он 648 метри мурабаъро дар бар мегирад. Тавре котиби матбуотии фурудгоҳ Муҳаммадюсуф Шодиев хабар дод, тибқи нақшаи корӣ дар гармхона бояд ҳудуди 200 ҳазор гулҳои гуногун парвариш ёфта, алъон 50 ҳазор дона тубакҳо бо навъҳои ҳархелаи гулҳо […]

ASIA-Plus


Дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе бо супориши роҳбарият ва ибтикори муҳандисони соҳа гармхонаи муосир сохта шуд, ки масоҳати умумии он 648 метри мурабаъро дар бар мегирад.

Тавре котиби матбуотии фурудгоҳ Муҳаммадюсуф Шодиев хабар дод, тибқи нақшаи корӣ дар гармхона бояд ҳудуди 200 ҳазор гулҳои гуногун парвариш ёфта, алъон 50 ҳазор дона тубакҳо бо навъҳои ҳархелаи гулҳо пур карда шудаанд.

Муҳандиси растанипарвар Ҳамидулло Файзуллоев дар ин робита изҳор кардааст, ки солҳои пеш барои ороиши майдон ва толорҳои фурудгоҳ аз беруни кишвар тухмӣ ва растаниҳоро ворид мекардем, акнун мо имкон дорем, ки зиёда аз сад намуд гулу гиёҳҳои ороиширо дар ҳамин гармхона правариш намуда мавриди истифода қарор диҳем. «Асосан гулҳои ороишии календула, маргаритка, мехчагули туркӣ, кактус, пеларгония, ғурриши шер, 12 намуди лола, агава, селозия, катарантус, коллегия, портулак, петуния, хризантема ба шароит мутобиқ парварида мешавад», – гуфтааст ӯ.

Зимнан зикр гардид, ки дар ҳолати хуби экологӣ нигоҳ доштани майдон ва толорҳо, кам кардани хароҷот ва дарёфти маблағҳои иловагӣ яке аз бартариятҳои нақшавии фурудгоҳи Душанбе ба ҳисоб меравад, аз ин хотир мутахассисон бар он назаранд, ки бо ба истифода додани гармхона, фурудгоҳ на танҳо хароҷотро кам мекунад, балки метавонад даромади иловагӣ ба даст орад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.