Шумори биноҳои нави комиссариатҳои ҳарбӣ афзун мешавад

Имрӯз бо иштироки вазири мудофиаи ҷумҳурӣ генерал-полковник Шералӣ Хайруллоев бинои нави дуошёнаи комиссариати ҳарбӣ дар ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон ба истифода дода шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ Фаридун Маҳмадалиев хабар дод, дар бинои нави комиссариати ҳарбӣ барои ҷамъшавии сарбозон ва афсарони эҳтиётӣ, ташкили маъракаи даъват ба хизмати ҳарбӣ тамоми […]

Аваз Юлдошев


Имрӯз бо иштироки вазири мудофиаи ҷумҳурӣ генерал-полковник Шералӣ Хайруллоев бинои нави дуошёнаи комиссариати ҳарбӣ дар ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон ба истифода дода шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ Фаридун Маҳмадалиев хабар дод, дар бинои нави комиссариати ҳарбӣ барои ҷамъшавии сарбозон ва афсарони эҳтиётӣ, ташкили маъракаи даъват ба хизмати ҳарбӣ тамоми шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шудаанд. «Сохтмони биноҳои нави комиссариатҳои ҳарбӣ мувофиқи нақша ба ҷойи биноҳои аз замони шӯравӣ боқимонда идома дорад», – иброз дошт ӯ.

Ба қавли Маҳмадалиев, ахиран дар 16 шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар ВМКБ – 2, навоҳии тобеи марказ – 7 ва вилоятҳои Суғду Хатлон – 3-тогӣ биноҳои нави комисариатҳои ҳарбӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.

«Соли ҷорӣ барои сохтмон ва таъмиру азнавсозии биноҳои таъинооти мудофиавӣ аз буҷети давлатӣ беш аз 135 млн. сомонӣ маблағ ҷудо карда шуд», – гуфт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки рӯзи панҷшанбеи ҳамин ҳафта дар ноҳияи Дарвоз бинои нави нерӯҳои зудамали Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ ба истифода дода шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.