Дар маъракаи интихоботӣ «Рӯзи хомӯшӣ» фаро мерасад

spot_imgspot_img

Дата:


Мутобиқи меъёрҳои қонунгузории Тоҷикистон пагоҳ, 5-уми ноябр, як рӯз пеш аз интихоботи президентии ба рӯзи 6-уми ноябр таъиншуда дар саросари ҷумҳурӣ «Рӯзи хомӯшӣ» фаро мерасад.

Бино ба иттилои роҳбари дастгоҳи КМИР ҶТ Абдуманнон Додоев, тибқи қонун, расо як шабонарӯз қабл аз оғози овоздиҳӣ баргузор намудани чорабиниҳои таблиғотӣ ба ҷонибдории номзадҳо ва вохӯрии номзадҳо бо интихобкунандагон манъ мешавад. «Васоити ахбори умум низ ба паҳн кардани маводи таблиғотӣ ба ҷонибдории номзадҳо ҳуқуқ надоранд», – гуфт ӯ.

Номбурда ҳамчунин илова намуд, ки дар «Рӯзи хомӯшӣ» қонунгузории Тоҷикистон паҳн шудани маводи таблиғотии даъват ба овоздиҳӣ ва маводи шарҳу тавзеҳи тартиб ва макони овоздиҳиро манъ намекунад.

Дар Тоҷикистон аз 16-уми октябр расман маъракаи пешазинтихоботӣ ба мансаби президентӣ оғоз гардид. Интихобот рӯзи 6-уми ноябр доир мегардад. Айни замон ба сифати номзад ба мақоми президенти Тоҷикистон расман 6 нафар ба қайд гирифта шуданд. Инҳо президенти амалкунандаи ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон, намояндаи Ҳизби аграрӣ академик Толиббек Бухориев, раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ Олимҷон Бобоев, муовини раиси Ҳизби коммунист Исмоил Талбаков, раиси Ҳизби сотсиалистӣ Абдуҳалим Ғаффоров ва раиси Ҳизби демократии Тоҷикистон Саидҷаъфар Исмонов мебошанд.

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...