Итминони Зарифӣ ба Лебедев бобати озоду шаффоф доир гардидани интихобот


Рӯзи 4 ноябри соли ҷорӣ вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ раиси Кумитаи иҷроия – котиби иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Сергей Лебедевро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, вазир ба раиси Кумитаи иҷроия ҷиҳати самаранок ва бомуваффақиятона гузаронидани ҷаласаҳои мақомотҳои оинномавии ИДМ, ки 24-25 октябри соли 2013 дар шаҳри Минск доир гардиданд, миннатдорӣ баён кард.

Ба иттилои манбаъ, дар рафти мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба масоили иштироки ҳайати нозирони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мубодилаи афкор намуданд.

Гуфта мешавад, вазири корҳои хориҷӣ итминон зоҳир намуд, ки интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланди сиёсиву ташкилӣ, озоду шаффоф, мувофиқи стандартҳои байналмилалӣ ва арзишҳои демократӣ баргузор хоҳад гашт.

spot_imgspot_img

Популярное