Рӯзи 6-уми ноябр, санаи баргузории интихоботи президенти мамлакат Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон ният дорад, ки тавассути васоити ахбори умум аз ҷараёни овоздиҳӣ маълумот диҳад.
Ба иттилои роҳбари дастгоҳи КМИР Абдуманнон Додоев, соатҳои 10:00, 14:00 ва 18:00 дар бинои КМИР барои нозирону рӯзноманигорон брифингҳо ташкил карда мешаванд.
Додоев зикр кард, ки дар брифингҳо ба ҷуз маълумот дар бораи иштироки интихобкунандагон дар интихобот, ҳамчунин доир ба мушкилоти пайдошуда дар ҳавзаву қитъаҳои интихоботӣ дар рӯзи овоздиҳӣ низ маълумот пешкаш мегардад.
Қобили зикр аст, ки мутобиқи меъёрҳои конститутсионии Қонуни ҶТ «Дар бораи интихоботи президенти Тоҷикистон», дар рӯзи интихобот шаҳрвандон ҳуқуқ доранд, ки аз соати 6-и субҳ то 20-и шом раъй диҳанд.



