«Барқи тоҷик» муваққатан лимити истифодаи барқро бекор мекунад

ШСХК «Барқи тоҷик» муваққатан лимити истифодаи барқ дар саросари ҷумҳуриро бекор мекунад. Ин туҳфа ба сокинони кишвар ба муносибати таҷлили Рӯзи Конститутутсия ва баргузор намудани интихоботи президенти Тоҷикистон тақдим мегардад. Котиби матбуотии ширкати «Барқи тоҷик» Нозирҷон Ёдгорӣ ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки шурӯъ аз соати 17:00-и имрӯз, 5 ноябр то соати […]

Пайрав Чоршанбиев


ШСХК «Барқи тоҷик» муваққатан лимити истифодаи барқ дар саросари ҷумҳуриро бекор мекунад. Ин туҳфа ба сокинони кишвар ба муносибати таҷлили Рӯзи Конститутутсия ва баргузор намудани интихоботи президенти Тоҷикистон тақдим мегардад.

Котиби матбуотии ширкати «Барқи тоҷик» Нозирҷон Ёдгорӣ ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки шурӯъ аз соати 17:00-и имрӯз, 5 ноябр то соати 11:00-и рӯзи 7 ноябр лимити истифодаи барқ дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ барҳам дода мешавад.

Ба қавли сухангӯи ширкат, аз рӯзи 7-уми нобяр интиқоли барқ тибқи реҷаи қаблан тасдиқшуда, 9 соат дар як шабонарӯз сурат хоҳад гирифт.

Ширкати «Барқи тоҷик» аз 1-уми ноябр ба реҷаи истифодаи маҳдуди барқ дар Тоҷикистон тағйирот ворид намуда, акнун дар як шабонарӯз лимит ба 15 соат расонида шуд. Аз ин ба баъд интиқоли барқ ба минтақаҳои ҷумҳурӣ рӯзона аз соати 09:00 то 17:00 ва шабона аз соати 22:00 то 05:00 қатъ карда мешавад. Реҷаи маҳдуди истифода барқ ба пойтахт, шаҳрҳои Хуҷанд, Кӯлоб, Турсунзода ва Чкаловск дахл нахоҳад дошт.

«Бинобар сабаби фарорасии сардӣ ва коҳиши ҳаҷми маҷрои об дар дарёи Вахш ШСХК «Барқи тоҷик» тасмим гирифт, ки реҷаи маҳдуди истифодаи барқро ҷорӣ намояд. Барои назорати риояи реҷаи муқаррашуда ширкат кори телефонҳои боварии шабонарӯзиро ҷонноктар кард. Тавассути телефонҳои 235-86-74, 235-86-84, 610-60-50 ва 295-202 истеъмолгарони барқ метавонанд ба саволҳои худ посух дарёбанд», – шарҳ дода буд ин тасмимро Ёдгорӣ.

Қобили зикр аст, ки ҳамасола реҷаи маҳдуди истифодаи барқ дар Тоҷикистон даҳаи аввали моҳи октябр ҷорӣ мегардид. Соли гузашта лимити истифодаи барқ дар ҷумҳурӣ 7-уми октябр ҷорӣ шуда, панҷ моҳ – то 7-уми марти соли 2013 идома ёфт.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.