Д.Камалетдинов: Вазифаи мо дарёфти роҳхат ба Чемпионати Осиё аст

Имрӯз дар пойтахти Ӯзбекистон – шаҳри Тошканд мусобиқоти даври интихобии Чемпионати Осиё-2014 оид ба футболи хурд (футзал) дар минтақаи Осиёи Марказӣ оғоз мегардад. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти сарварии сармураббӣ Дамир Камалетдинов бозии аввали худро бо тими Қирғизистон мегузаронад. Вохӯрӣ имрӯз соати 16:00 бо вақти Душанбе оғоз мегардад. Як рӯз қабл аз оғози мусобиқот бо иштирноки […]

ASIA-Plus


Имрӯз дар пойтахти Ӯзбекистон – шаҳри Тошканд мусобиқоти даври интихобии Чемпионати Осиё-2014 оид ба футболи хурд (футзал) дар минтақаи Осиёи Марказӣ оғоз мегардад.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти сарварии сармураббӣ Дамир Камалетдинов бозии аввали худро бо тими Қирғизистон мегузаронад. Вохӯрӣ имрӯз соати 16:00 бо вақти Душанбе оғоз мегардад.

Як рӯз қабл аз оғози мусобиқот бо иштирноки сармураббиёни дастаҳо конфронси матбуотӣ баргузор шуда, дар он сармураббии дастаи Тоҷикистон Д.Камалетдинов изҳор намудааст, ки асоси ҳайати дастаи Тоҷикистонро бозигарони футболи бузург ташкил медиҳанд, зеро то ҳанӯз дар кишвар Лигаи ҳирфаии футболи хурд амал намекунад.

«Мо танҳо акнун барои ҷудо кардани футболи хурд аз футболи бузург ва баргузор намудани чемпионати ҷудогона оид ба футболи хурд кӯшиш ба харҷ медиҳем ва фикр мекунам, ки бо гузашти даҳ сол ин талошҳо самар хоҳанд овард», – гуфтааст ӯ.

Дар робита ба вазифаи даста дар ин мусобиқоти даври интихобӣ сармураббии тими Тоҷикистон зикр кардааст, ки мақсади даста дарёфти роҳхат ба мусобиқоти ниҳоии Чемпионати Осиё оид ба футболи хурд аст, ки соли оянда дар Вйетнам баргузор мегардад.

Вохӯриҳои ин давраи интихобӣ дар маҷмааи варзишии «Ӯзбекистон» доир мегарданд. Барои дарёфти роҳхат аз гурӯҳи «А» дастаҳои Тоҷикистону Қирғизистон ва Туркманистону Ӯзбекистон рақобат мекунанд. Вохӯриҳои дигар дастаи Тоҷикистон рӯзи 6-уми ноябр бо дастаи Ӯзбекистон ва рӯзи 7-уми ноябр бо дастаи Туркманистон баргузор мешаванд.

Қобили зикр аст, ки ба давраи ниҳоии Чемпионати Осиё се даста аз ин гурӯҳ роҳхат мегиранд. Чемпионати ахири Осиё оид ба футболи хурд соли гузашта дар Аморати Муттаҳидаи Араб доир гардида, дастаи Ҷопон ғолибият ба даст оварда буд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.