Коҳиши мақомоти давлатии масъули санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор


Дар толори хурди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон ҷаласаи нахустини Гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» дар таҳрири нав баргузор гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Кумитаи мазкур, бо мақсади такмил додани лоиҳаи ин қонун аз ҷониби сарвазири ҷумҳурӣ Гурӯҳи корӣ аз ҳисоби намояндагони бахши мушовирони президенти Тоҷикистон оид ба сиёсати ҳуқуқӣ ва иқтисодӣ, мудири шӯъбаи ҳуқуқ ва муовини мудири шӯъбаи иқтисодӣ ва инвеститсияи Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон, муовинони вазири адлия, молия, рушди иқтисод ва савдо ва тандурустии Тоҷикистон ва 2 нафар намояндаи бахши хусусӣ тасдиқ карда шуд.

Интизорӣ меравад, ки дар қонун номгӯи мақомоти давлатии ваколатдор оид ба санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор коҳиш дода мешавад. Айни замон дар Тоҷикистон 20 мақомоти давлатии ваколатдор ба санҷиши фаъолияти субъекти хоҷагидор ҳуқуқ доранд.

Гуфта мешавад, гузориши Котиби масъули Гурӯҳи корӣ оид ба раванди таҳияи лоиҳаи қонун «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» шунида шуд. Қайд карда шуд, ки ҷиҳати бо назардошти таҷрибаи байналмилалӣ дар таҳрири нав таҳия намудани лоиҳаи қонун дар асоси хавфнокӣ, истифодаи манбаи маълумот ва технологияҳои иттилоотӣ ҳангоми гузаронидани санҷиш, кам кардани шумораи мақомоти санҷишӣ дар ҷаласаи даҳуми Шӯрои машваратии назди президенти и Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ супоришҳо дода шуд.

Зимнан зикр мегардад, ки дар анҷоми ҷаласа фаъолияти минбаъдаи гурӯҳи корӣ ва вазифаҳо барои ҷаласаҳои оянда муайян карда шуд.

spot_imgspot_img

Популярное