Сомонаҳои «Озодагон» ва Youtube дар Тоҷикистон дастнорас шуданд

Дар остонаи интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон дастрасӣ ба сомонаҳои интернетии хабаргузории «Озодагон» ( www.ozodagon.com ) ва бахши русии он – www.catoday.org қатъ карда шуданд. Директори генералии медиа-холдинги «Озодагон» Зафари Сӯфӣ ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки дастрасӣ ба ҳарду бахши хабаргузорӣ шоми 4-уми ноябр қатъ гардида буд. «Аввал мо фикр доштем, ки […]

Меҳрангез Турсунзода


Дар остонаи интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон дастрасӣ ба сомонаҳои интернетии хабаргузории «Озодагон» (

www.ozodagon.com

) ва бахши русии он –

www.catoday.org

қатъ карда шуданд.

Директори генералии медиа-холдинги «Озодагон» Зафари Сӯфӣ ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки дастрасӣ ба ҳарду бахши хабаргузорӣ шоми 4-уми ноябр қатъ гардида буд.

«Аввал мо фикр доштем, ки ин ҷо ягон мушкилоти фанние ҷой дорад, вале имрӯз яке аз ширкатҳои фароҳамсози интернет ба таври махфӣ ба мо тасдиқ кард, ки ба онҳо аз Хадамоти алоқа бо имзои сардори хадамот Бег Зуҳуров ҷиҳати қатъи дастрасӣ ба сомонаҳои мо супориш расидааст. Ҳамчунин дар нома ба қатъи дастрасӣ ба видео-хостинги Youtube низ ишора шудааст», – иттилоъ дод З.Сӯфӣ.

Дар ҳамин ҳол, мегӯяд ӯ, дар супориши сардори Хадамоти алоқа сабаби қатъи дастрасӣ зикр намегардад. «Агар дар маводу шарҳи сомонаи мо ягон қонуншикание ҷой медошт, онҳо метавонистанд ба суд муроҷиат кунанд, вале дастрасӣ ба сомонаро қатъ карданд, ки бар хилофи қонун аст», – иброз дошт директори холдинг.

Ҳамчунин директори генералии хабаргузории «Озодагон» барои эҷоди мушкилот аз корбарон маъзарат хоста, аз онҳо даъват ба амал овард, ки аз прокси-серверҳо истифода кунанд.

Ин бори аввал нест, ки дастрасӣ ба сомонаҳои ВАО дар қаламрави Тоҷикистон қатъ карда мешавад. Қаблан чандин маротиба бо сомонаҳои хабаргузории «Азия-Плюс», як қатор васоити ахбори умуми Русия ва шабакаҳои иҷтимоӣ низ аз чунин муносибат кор гирифта шуда буд.

Дар ҳамин ҳол, рӯзи душанбе дар яке аз чоҳҳои коммуникатсионӣ дар назди маҷмааи табъу нашри «Шарқи озод», дар хиёбони Саъдии Шерозӣ сӯхтор сар зада, дар натиҷа як қисмати шаҳр, аз ҷумла идораҳои чандин ВАО-и воқеъ дар маҷмаа аз дастрасӣ ба интернет маҳрум шуданд. Айни замон танҳо ба чанде аз ширкатҳои фароҳамсози интернет муяссар шуд, ки дастрасӣ ба интернетро барқарор намоянд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.