Интихобот ба дастрасӣ ба Интернет таъсир дорад?

Ба андешаи роҳбари Ассотсиатсияи ширкатҳои фароҳамсози интернети Тоҷикистон Асомуддин Атоев, ба интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон ҳамчун як рӯйдоди муҳими сиёсӣ аз хориҷи кишвар таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мешавад ва шояд ҳамин сабаб ба суст шудани суръати дастрасӣ ба шабаакаи Интернет боис гардида бошад. «Умуман дар саросари ҷумҳурӣ ҷиҳати дастрасӣ ба шабакаи Интернет мушкилие нест, вале суст […]

ASIA-Plus


Ба андешаи роҳбари Ассотсиатсияи ширкатҳои фароҳамсози интернети Тоҷикистон Асомуддин Атоев, ба интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон ҳамчун як рӯйдоди муҳими сиёсӣ аз хориҷи кишвар таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мешавад ва шояд ҳамин сабаб ба суст шудани суръати дастрасӣ ба шабаакаи Интернет боис гардида бошад.

«Умуман дар саросари ҷумҳурӣ ҷиҳати дастрасӣ ба шабакаи Интернет мушкилие нест, вале суст шудани суръати дастрасӣ ба он ба мушоҳида мерасад ва ба фикрам, ин ба интихоботи президентӣ рабт дорад, вале аз эҳтимол дур нест, ки тахмини ман низ шояд иштибоҳ бошад», – иброз дошт ӯ.

Дар ҳамин ҳол чанде аз сокинони пойтахт аз комилан дастрас набудани шабакаи Интернет шикоят доранд ва дар шабакаи тоҷикии Facebook имрӯз аз ин мушкилот зиёд баҳсу мунозираҳо сурат мегирад.

Дар шарҳи ин масъала ба ОИ «Азия-Плюс» аз ширкатҳои фароҳамсози Интернети «Телеком Технолоҷи» ва «Истера» хабар доданд, ки дастнорас будани интернет дар баъзе ноҳияҳои пойтахт ба сар задани сӯхтор дар яке аз чоҳҳои коммуникатсионии зери пули хиёбони Саъдии Шерозӣ вобаста аст, ки айни замон назди маҷмааи табъу нашри «Шарқи озод» мавриди таъмир қарор дорад ва базудӣ камбудӣ бартараф ва дастрасӣ таъмин хоҳад шуд.

Ба ҷуз дастрасии душвор ба Интернет, субҳи имрӯз чанде аз корбарони тоҷик аз дастрасӣ ба сомонаҳои Youtube.com ва сомонаи хабаргузории «Озодагон» –

www.ozodagon.com

низ маҳрум шуданд. Аз идораи хабаргузории «Озодагон» дар ин робита иттилоъ доданд, ки яқинан дастрасӣ ба сомонаи онҳо қатъ карда шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.