Хуҷанд: Ҳалокати 2 нафар аз бархӯрди «BMW» ба светофор

Рӯзи 3-юми ноябри соли ҷорӣ ронандаи автомашинаи тамғаи «БМВ», сокини шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Иброҳимови 24-сола ҳангоми ҳаракат бо кӯчаи Ленини шаҳри Хуҷанд дар рӯ ба рӯи бинои маркази савдои «Нур» аз ӯҳдаи идора намудани воситаи нақлиёт набаромада, он ба канори рости роҳ мебарояд ва ба симчӯби чароғаки роҳнамо ва сипас ба дарахти қафои симчӯб бархӯрда, […]

ASIA-Plus


Рӯзи 3-юми ноябри соли ҷорӣ ронандаи автомашинаи тамғаи «БМВ», сокини шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Иброҳимови 24-сола ҳангоми ҳаракат бо кӯчаи Ленини шаҳри Хуҷанд дар рӯ ба рӯи бинои маркази савдои «Нур» аз ӯҳдаи идора намудани воситаи нақлиёт набаромада, он ба канори рости роҳ мебарояд ва ба симчӯби чароғаки роҳнамо ва сипас ба дарахти қафои симчӯб бархӯрда, чаппа шудааст.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ВКД ҶТ, дар натиҷаи садама худи ронанда ва мусофири ӯ Одилҷон Юнусови 23-сола, сокини шаҳри Хуҷанд ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. «Мусофири дигари автомашинаи мазкур Нуъмон Оқилови 28-сола, сокини ш.Хуҷанд ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст», – омадааст дар хабари ВКД.

Бино ба маълумоти Шуъбаи БДА Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд, соли равон дар роҳҳои мошингарди минтақаи шимоли ҷумҳурӣ 249 ҳодисаи садамаи нақлиёт (ҳамин давраи соли гузашта – 244 ҳодиса) ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари он 110 нафар ҳалок (ҳамин давраи соли 2012 – 117 нафар) ва 252 тан (ҳамин давраи соли 2012 – 251 тан) ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд.

Гуфта мешавад, аз ин шумор 68 ҳодисаи садамаи нақлиёт (ҳамин давраи соли 2012 – 70 ҳодиса) бо иштироки кӯдакон рух дода, дар натиҷа 21 нафар кӯдакон ҳалок (соли 2012 – 26 нафар) ва 50 нафарашон (соли 2012 – 52 нафар) ҷароҳат бардоштанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.