Парвиз Назаров ба ҳаводоронаш ду албоми тоза пешкаш кард

Пас аз хомӯшии чаҳорсола овозхони маъруфи тоҷик Парвиз Назаров таҳти унвони «Золотые облака» (Абрҳои тиллоӣ) ва «Буду с тобой» (Бо ту хоҳам буд) ду албоми (маҷмӯаи сурудҳо) нави худро пешкаши ҳаводоронаш намуд. Бино ба иттилои васоити ахбори умуми Қазоқистон, чанд рӯз қабл маросими муаррифии албомҳо баргузор шуда, дар фарҷоми он Парвиз Назаров ба ҳозирин клипи […]

ASIA-Plus


Пас аз хомӯшии чаҳорсола овозхони маъруфи тоҷик Парвиз Назаров таҳти унвони «Золотые облака» (Абрҳои тиллоӣ) ва «Буду с тобой» (Бо ту хоҳам буд) ду албоми (маҷмӯаи сурудҳо) нави худро пешкаши ҳаводоронаш намуд.

Бино ба иттилои васоити ахбори умуми Қазоқистон, чанд рӯз қабл маросими муаррифии албомҳо баргузор шуда, дар фарҷоми он Парвиз Назаров ба ҳозирин клипи нави видеоии худро бо забони модарии форсӣ намоиш додааст.

Худи овозхон эътироф мекунад, ки маҷмӯаи ахири сурудҳои худро ҳанӯз соли 2009 таҳия намуда, аз соли 2010 имсол ҳудуди 40 сурудаш гирдоварӣ шудаанд, ки онҳоро ӯ ба ду албом тақсим кардааст.

Парвиз Назаров соли 1971 дар шаҳри Маскав ба дунё омада, дар шаҳри Душанбе зиндагӣ ва дар ҳамин ҷо ба воя расидааст. Соли 1993 ӯ ба Алмаато кӯчида, то ҳанӯз дар ин шаҳр фаъолияти эҷодии худро идома медиҳад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.