Сардори Ситоди кулли ҚМ ба ҷойи Хайруллоев ба Маскав рафт

Субҳи имрӯз сардори Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳ, муовини аввали вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-лейтенант Рамил Нодиров ба Маскав раҳсипор шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Фаридун Маҳмадалиев хабар дод, дар шаҳри Маскав муовини аввали вазири мудофиа дар кори ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ (21-уми ноябр) ширкат меварзад. Ба […]

Аваз Юлдошев


Субҳи имрӯз сардори Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳ, муовини аввали вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-лейтенант Рамил Нодиров ба Маскав раҳсипор шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Фаридун Маҳмадалиев хабар дод, дар шаҳри Маскав муовини аввали вазири мудофиа дар кори ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ (21-уми ноябр) ширкат меварзад.

Ба гуфтаи ӯ, дар ҷаласа баррасии беш аз 20 масоили марбут ба ҳамкориҳои низомии вазоратҳои мудофиаи кишварҳои узви Иттиҳод дар назар аст.

«Дар ҷаласа аз ҷумла, атрофи баргузории санҷиши ташкили истифодаи воситаҳои низоми ошкорсозии давлатӣ дар қувваҳои мусаллаҳи кишварҳо, тартиби ҷамъоварӣ ва табодули маълумот дар бораи ноқисиҳои техникаи авиатсионӣ, ҳамкорӣ дар масоили таҷдид ва таъмири воситаҳои таҷҳизоти муҳандисӣ, таъмини онҳо бо қисмҳои эҳтиётӣ, таъсиси Низоми муттаҳидаи назорат ва арзёбии вазъи радиатсионӣ, кимиёвӣ ва биологӣ дар вазоратҳои мудофиа, таъмини гидрометереологии чорабиниҳои муштараки омодагии фаврӣ ва ҷангӣ ва ғайра табодули назар сурат хоҳад гирифт», – гуфт Ф.Маҳмадалиев.

Ёдрас мекунем, ки имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо фармони худ вазири мудофиаи ҷумҳурӣ Шералӣ Хайруллоевро аз мансаб сабукдӯш намуд. Шералӣ Хайруллоев аз соли 1995 ин мансабро ишғол мекард. Санаи 8-уми ноябри соли равон ӯ 64-сола шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?

“Ба мактаб баред, вале дар вақти дарс истифода накунед”. Вазорати маориф корбурди телефонро дар мактабҳо шарҳ дод

Баҳси бурдан ва ё истифодаи телефон дар мактаб ва ё вақти дарс солҳост идома дорад.

Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё ҷойи дуюм шуд. Ҷудокорони тоҷик бо 5 медал бармегарданд

Паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқот 2 нишони тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст оварданд.