Гумрукчиён услубҳои муоинаи автомашинаҳои дуздидаро омӯхтанд

Понздаҳ нафар афсарони Хадамоти гумрук дар курси омӯзишӣ доир ба мавзӯи “Услубҳои муоинаи автомобилҳои дуздидашуда” иштирок карданд. Тавре аз намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон хабар доданд, ду омӯзгор аз Иттиҳоди Аврупо (Австрия) ба иштироккунандагони курси омӯзишӣ иттилооти асосиро дар бораи навъҳои гуногуни дуздидани автомобил ва воситаҳои муоинаи автомобил пешниҳод намуданд. Дар рафти курси омӯзишӣ иштироккунандагон […]

ASIA-Plus


Понздаҳ нафар афсарони Хадамоти гумрук дар курси омӯзишӣ доир ба мавзӯи “Услубҳои муоинаи автомобилҳои дуздидашуда” иштирок карданд.

Тавре аз намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон хабар доданд, ду омӯзгор аз Иттиҳоди Аврупо (Австрия) ба иштироккунандагони курси омӯзишӣ иттилооти асосиро дар бораи навъҳои гуногуни дуздидани автомобил ва воситаҳои муоинаи автомобил пешниҳод намуданд. Дар рафти курси омӯзишӣ иштироккунандагон бо услубҳои муайянсозии рақами идентификатсионии (VIN-коди) автомобилҳо ва роҳҳои ошкорсозии автомобилҳои дуздидашуда ошноӣ пайдо карданд.

Дар рӯзи сеюми курс дарс ва машқҳои амалӣ дар гузаргоҳи сарҳадии “Дӯстӣ” дар сарҳади Тоҷикистон ва Ӯзбекистон сурат гирифт. Дар он ҷо барои афсарони хадамоти гумрукӣ имконияти хуб фароҳам оварда шуд, то ки онҳо дониш ва маҳорате, ки дар соҳаи муайянсозии автомобилҳои дуздидашуда ба даст оварданд, дар амал татбиқ намоянд. Курси мазкур аз ҷониби Барномаи мусоидат ба идораи сарҳадот дар Осиёи Марказӣ (БОМКА) ташкил шудааст. Қобили зикр аст, ки кумаки молиявӣ барои амалисозии ин чорабинии барномаи БОМКА аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо фароҳам гардида, иҷрокунандагони ин чорабинӣ Барномаи Рушди СММ (БРСММ) ва Маркази байналмиллалӣ оид ба рушди сиёсати муҳоҷиратӣ (МБРСМ) ба ҳисоб мераванд.

Ҳадаф ва вазифаҳои асосии барномаи БОМКА пуштибонӣ барои таҳкими амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ, мусоидат намудан ба рушди тиҷорат ва транзити қонунӣ, коҳиш додани убуру мурури ғайриқонунии одамон ва амвол дар сарҳад мебошад.

Барномаи БОМКА аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ шуда, аз ҷониби БРСММ ва МБРСМ (ба ҳайси шарики иҷрокунанда) амалӣ мегардад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.