Барнома барои занон-афсарони милитсияи сафорати ИМА ба итмом расид

Шуъбаи Бахши байнулмилалии назорати маводи нашъаовар ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқии сафорати ИМА (бахши INL) дар ҳамдастӣ бо Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон барномаи шашҳафтаинаи “Баланд бардоштани мақоми зан”-ро барои занон-афсарони милитсия дар Душанбе ба анҷом расонд. Тавре аз сафорати ИМА дар ҶТ хабар доданд, занон-афсарони милитсия бо зиёда аз бист мавзуъ шинос шуданд, ки ин дар […]


Шуъбаи Бахши байнулмилалии назорати маводи нашъаовар ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқии сафорати ИМА (бахши INL) дар ҳамдастӣ бо Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон барномаи шашҳафтаинаи “Баланд бардоштани мақоми зан”-ро барои занон-афсарони милитсия дар Душанбе ба анҷом расонд.

Тавре аз сафорати ИМА дар ҶТ хабар доданд, занон-афсарони милитсия бо зиёда аз бист мавзуъ шинос шуданд, ки ин дар навбати худ, ихтисоси онҳоро дар мубориза бар зидди хушунати хонаводагӣ, худкушӣ миёни занҳо, хушунати ҷавонон ва хариду фурӯши одамон дар ҷомеа такмил дод.

Ба иттилои манбаъ, барномаи мазкур тавассути пудратчии бахши номбаршуда-созмони “Эмерҷенс Групп”(TEG), аз 21-уми октябр то 29-уми ноябри соли равон дар Академияи назди Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон баргузор шуд.

Гуфта мешавад, ҳадафи лоиҳаи мазкур баланд бардоштани маҳорати амалӣ ва тафтишотии занон-афсарони милитсия ва афзоиши иқтидори сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи мувофиқ ба талаботи ҷомеа аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.