Баррасии ташаббусҳои нави зиддимухаддиротии Тоҷикистону Афғонистон

Рӯзи 30-юми ноябр дар Душанбе конфронси серӯза оид ба ҳамкории Тоҷикистону Афғонистон дар бахши назорати маводи нашъаовар ва таъмини ҳаёт оғоз мегардад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ хабар доданд, баҳри баррасии роҳандозии тадбирҳои тоза ҷиҳати мубориза бо маводи мухаддир миёни кишварҳо таҳти сарварии роҳбари хадамоти марзбонӣ ва вазири […]


Рӯзи 30-юми ноябр дар Душанбе конфронси серӯза оид ба ҳамкории Тоҷикистону Афғонистон дар бахши назорати маводи нашъаовар ва таъмини ҳаёт оғоз мегардад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ хабар доданд, баҳри баррасии роҳандозии тадбирҳои тоза ҷиҳати мубориза бо маводи мухаддир миёни кишварҳо таҳти сарварии роҳбари хадамоти марзбонӣ ва вазири масоили марзҳову ҷамоатҳои Афғонистон як ҳайати ин кишвар ба Душанбе ташриф овард.

«Ҳадаф аз баргузории конфронс сари як миз гирдиҳам овардани шахсони расмии машғул ба фаъолият дар бахши мубориза бо мухаддирот дар сатҳи музофотҳо, намояндагони ҷамоатҳо ва ҳамчунин мададрасонон барои баррасии таҳдидҳои вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва таъмини ҳаёти осоишта дар минтақаҳои наздимарзӣ аст», – гуфтанд дар Агентӣ.

«Дар ҷараёни конфронс баррасии роҳандозии ташаббусҳои тоза бо таваҷҷуҳ ба таъмини амнияти марзҳо ва ҳамкории фаромарзӣ дар самти мубориза бо қочоқи афюн низ дар назар аст, зеро маълумот дар бораи нисбат ба соли 2012 афзудани майдони кишти афюн ба андозаи 46% дар соли равон нигаронкунанда аст», – афзуд сарчашмаи хабар.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.