Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин вориди Тоҷикистон шуд

Душанбе. 27-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Шоми дирӯз дар арафаи баргузории саммити Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) Раиси Ҷ умҳурии Мардумии Чин Ху Тсинтао ҷиҳати иштирок дар нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ ва анҷом додани боздиди давлатӣ аз Тоҷикистон вориди Душанбе шуд. Дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе меҳмони олиқадрро президенти Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд. […]

Аваз Юлдошев


Душанбе. 27-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Шоми дирӯз дар арафаи баргузории саммити Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) Раиси


Ҷ


умҳурии Мардумии Чин Ху Тсинтао ҷиҳати иштирок дар нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ ва анҷом додани боздиди давлатӣ аз Тоҷикистон вориди Душанбе шуд.




Дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе меҳмони олиқадрро президенти Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд.



Сипас Ху Тсинтао ва ҳайати ҳамроҳи раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин ба бӯстонсарои ҳукуматӣ роҳ пеш гирифтанд. Ҳангоми ҳузури Ху Тсинтао дар Тоҷикистон қароргоҳи муваққатии ӯ дар ин ҷо воқеъ хоҳад буд.



Роҳбари Департаменти иттилооти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон Давлат Назриев хабар дод, ки дар ҷараёни боздид мулоқоти «як ба як»-и Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Ху Тсзинтао бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва гуфтушуниди васеи ҳайатҳои расмии ду давлат сурат хоҳад гирифт. Ҳамчунин Раиси ҶХХ бо Раиси Маҷлиси миллӣ ва Раиси маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот менамояд.



«Дар рафти ин сафар бастаи санадҳои ҳамкорӣ ба имзо хоҳад расид, ки он боиси тақвияти заминаи ҳуқукӣ-шартномавии робитаҳои дуҷониба хоҳад гардид», – изҳор дошт Д.Назриев ва таъкид сохт, ки боздиди мазкур бешак ба тавсеаи минбаъдаи робитаҳои неки ҳамҷаворӣ ва таҳкими ҳамкориҳои самарабахши миёни ду кишвар такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.