Дар ҷараёни боздиди давлатии раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин аз Тоҷикистон бастаи санадҳои ҳамкорӣ ба имзо хоҳад расид

Душанбе. 27-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – 26-27 августи соли равон, яъне дар арафаи баргузории саммити СҲШ бо даъвати Президенти Чумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон боздиди давлатии Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Ху Тсинтао аз Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат хоҳад гирифт. Бо қаноатмандӣ метавон таъкид кард, ки муносибатҳо бо ин кишвари ҳамсоя ҳамаҷониба дар ҳоли рушданд. Табодули мол миёни […]

root


Душанбе. 27-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – 26-27 августи соли равон, яъне дар арафаи баргузории саммити СҲШ бо даъвати Президенти Чумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон боздиди давлатии Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Ху Тсинтао аз Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат хоҳад гирифт.




Бо қаноатмандӣ метавон таъкид кард, ки муносибатҳо бо ин кишвари ҳамсоя ҳамаҷониба дар ҳоли рушданд. Табодули мол миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 164542 ҳазор доллари амрикоиро ташкил дод, ки он дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 160% аст. Хитой яке аз сармоягузорони асосӣ ба иқтисоди Тоҷикистон ба шумор рафта, бо иштироки фаъолонаи ин кишвар лоиҳаҳое амалӣ мегарданд, ки дар пешрафти иқтисоди Тоҷикистон аҳамияти бузург доранд. Сохтмони роҳҳои автомобилгард, нақбҳо, хатти интиқоли барқ ва дигар лоиҳаҳои муштарак далели ин гуфтаҳоянд.



Ин нахустин сафари Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Ху Тсинтао ба Тоҷикистон буда, ҷонибҳо барои дар сатҳи муносиб баргузор гардидани он ҳаматарафа омодагӣ мебинанд.



Дар ҷараёни боздид мулоқоти «як ба як»-и Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Ху Тсзинтао бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва гуфтушуниди васеи ҳайатҳои расмии ду давлат сурат хоҳад гирифт. Ҳамчунин Раиси ҶХХ бо Раиси Маҷлиси миллӣ ва Раиси маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот менамояд.



Дар рафти ин сафар бастаи санадҳои ҳамкорӣ ба имзо хоҳад расид, ки он боиси тақвияти заминаи ҳуқукӣ-шартномавии робитаҳои дуҷониба хоҳад гардид.



Боздиди мазкур бешак ба тавсеаи минбаъдаи робитаҳои неки ҳамҷаворӣ ва таҳкими ҳамкориҳои самарабахши миёни ду кишвар такони ҷиддӣ хоҳад бахшид. Дар ин бора аз дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон хабар доданд.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.