Даргузашти собиқ номзад ба мансаби президент дар дармонгоҳи зиндон

Собиқ номзад ба мансаби президенти Тоҷикистон дар маъракаи интихоботи соли 1991 Бобишо Шоев рӯзи панҷшанбе бар асари сактаи дил дар дармонгоҳи зиндони шаҳри Ваҳдат аз олам даргузашт. Бобишо Шоев муҳлати ҷазоро дар муассисаи ислоҳии №4-и шаҳри Душанбе адо мекард. Як моҳ қабл ба иллати бемории дил ба дармонгоҳи зиндони шаҳри Ваҳдат оварда шуда буд. Бино […]

ASIA-Plus


Собиқ номзад ба мансаби президенти Тоҷикистон дар маъракаи интихоботи соли 1991 Бобишо Шоев рӯзи панҷшанбе бар асари сактаи дил дар дармонгоҳи зиндони шаҳри Ваҳдат аз олам даргузашт.

Бобишо Шоев муҳлати ҷазоро дар муассисаи ислоҳии №4-и шаҳри Душанбе адо мекард. Як моҳ қабл ба иллати бемории дил ба дармонгоҳи зиндони шаҳри Ваҳдат оварда шуда буд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҶТ, чанде қабл ҷасади марҳум ба хешону наздиконаш супурда шуд. «Б.Шоев бар асари бемории сактаи дил фавтид», – гуфта мешавад дар иттилоъ.

То моҳи ноябри соли 2011 Шоев ширкати давлатии «Нафт, газ ва ангишт»-и Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳуриро сарварӣ мекард. Ахири соли 2011 Бобишо Шоев ба қаллобӣ ва ғайриқонунӣ азхудкунии воситаҳои пулӣ муттаҳам дониста шуда, ба 18 соли зиндон маҳкум карда шуд.

Дар ҳукми суд зикр гардида буд, ки Бобишо Шоев дар давраи солҳои 2005-2010 беш аз 1 млн. сомонӣ маблағҳои аҳолиро азхуд карда, ҳамчунин 147 ҳазор сомонии мутааллиқ ба ширкати давлатиро ба манфиати худ истифода бурдааст.

Бобишо Шоев аз замони соли 1991 пешбарӣ шудани номзадиаш ба мансаби президенти мамлакат маъруфият касб кард. Он замон ӯ бо номзадҳо ба мансаби президентӣ Раҳмон Набиев, Давлат Худоназаров, Сайфиддин Тӯраев, Ҳикматулло Насриддинов, Қадриддин Аслонов, Бӯрихон Салимов ва Акбар Махсумов рақобат карда буд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.