Ҷоизаи ҳунарманди тоҷик дар ҷашнвораи байнулмилалии кинои Ҳиндустон

Ҳунарманди тоҷик Таҳмина Раҷабова ба ҷоиза дар номинатсияи «Беҳтарин акстриса»-и ҷашнвораи байнулмилалии «International Film Festival» дар Ҳиндустон сазовор дониста шуд. Ин ҷоизаро ӯ барои иҷрои нақш дар филми «Марде дар орзуи зани панҷум» соҳиб шуд. Дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» Таҳмина Раҷабова дар ин робита иттилоъ дод, ки дар филм дар маҷмӯъ панҷ нақши […]

Меҳрангез Турсунзода


Ҳунарманди тоҷик Таҳмина Раҷабова ба ҷоиза дар номинатсияи «Беҳтарин акстриса»-и ҷашнвораи байнулмилалии «International Film Festival» дар Ҳиндустон сазовор дониста шуд. Ин ҷоизаро ӯ барои иҷрои нақш дар филми «Марде дар орзуи зани панҷум» соҳиб шуд.

Дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» Таҳмина Раҷабова дар ин робита иттилоъ дод, ки дар филм дар маҷмӯъ панҷ нақши занона буда, ҳайати ҳакамон нақши ӯро беҳтарин арзёбӣ намудаанд. «Филм дар бораи занони афғон, ки аз ҳуқуқи овозу интихоб маҳруманд, ҳикоят мекунад», – иброз дошт ӯ.

Филми «Марде дар орзуи зани панҷум» соли 2011 бо дастгирии фаннии Ҳиндустон аз ҷониби коргардон Сиддиқ Обидӣ дар музофоти шимолии Афғонистон наворбардорӣ шудааст. Ин филм соли гузашта дар ҷашнвораи байнулмилалии кино (BIFF) дар шаҳри Бостон (ИМА) низ соҳиби ҷоиза гардида буд. Ба ҷуз Т.Раҷабова дар филм ҳамчунин боз ду шаҳрванди Тоҷикистон – Шаҳноза Бӯриева ва Бердӣ Менглиев низ нақш офаридаанд.

Ба гуфтаи актриса, баҳори соли оянда филм ба Тоҷикистон оварда шуда, дар мувофиқа бо «Тоҷиккино» ба тамошобинони тоҷик намоиш дода мешавад.

Таҳмина Раҷабова ба ҳайси ровӣ дар шабакаи телевизионии «Сафина» фаъолият дошта, ин мукофоти нахустинаш барои ҳунари актёрӣ аст. Айни замон ӯ рӯйи таҳияи филми «Марҳила» кор мекунад, ки соли 2014-ум омода мегардад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.