Лякин-Фролов: Муҳлати будубоши муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия 3-сола мешавад

Сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов изҳор дошт, ки тибқи як созишномаи аз тарафи ҳукумати Федератсия Русия тасвибшуда, муҳлати шартномаҳои меҳнатӣ бо муҳоҷирони кории тоҷик то 3 сол  бидуни зарурати сафар ба хориҷи кишвар  тамдид карда мешавад.    Сафир ҳамзамон гуфт, ки таҷрибаи ҳамсон дар муносиботи Русия бо дигар кишварҳо вуҷуд надорад, ба истиснои Тоҷикистон. […]

Исфандиёр Халилов


Сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов изҳор дошт, ки тибқи як созишномаи аз тарафи ҳукумати Федератсия Русия тасвибшуда, муҳлати шартномаҳои меҳнатӣ бо муҳоҷирони кории тоҷик


то 3 сол 


бидуни зарурати сафар ба хориҷи кишвар 


тамдид карда мешавад.


  

Сафир ҳамзамон гуфт, ки таҷрибаи ҳамсон дар муносиботи Русия бо дигар кишварҳо вуҷуд надорад, ба истиснои Тоҷикистон. Вай афзуд, ки чунин имтиёзи хос барои кишвари дӯст ва шарики стратегӣ будани Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.

Лякин-Фролов дар ин бора зимни маросими рӯнамои китоби дарсии “Муҳоҷирати муосири аҳолӣ, таърих, назария ва сиёсат”, ки 26-уми декабр дар Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия баргузор шуд, ибрози назар кард.

Ба гуфтаи ӯ, рӯзе қабл Думаи давлатӣ Созишнома оид ба шароити будубоши муҳоҷирони меҳнатиро ба тасвиб расонид, ки барои муҳоҷирони тоҷик муҳлати будубоши беқайд аз 7 рӯз ба 15 рӯз дароз карда шуд.

Сафири Русия дар Тоҷикистон гуфт: “Феълан муҳоҷирати меҳнатӣ яке аз мушкилоти умдаи ҷаҳон ба шумор меравад. Раванди муҳоҷират бояд дар асоси қонун ба роҳ монда шавад. Дар ин маврид набояд ба эҳсосот дода шавем. Бояд ба ин раванд баҳои беғаразона диҳем. Ҳоло дар ҷаҳон 240 миллион нафар ба сифати муҳоҷир дониста мешаванд, ки аз ин 100 миллионаш муҳоҷири меҳнатӣ аст. Бояд шароити мусоид фароҳам бошад, то меҳнати муҳоҷирон ҳам барои кишвари фиристанда, ҳам кишвари қабулкунанда ва ҳам баҳри оилаҳои муҳоҷирон судовар бошад. Ҳоло шумораи муҳоҷирони тоҷик дар Русия зиёд аст ва дар соли 2013 маблағи фиристодаи онҳо 4 миллиард доллар пешбинӣ шудааст. Ин хеле пули зиёд аст ва агар маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон 8 миллиард доллар бошад, пули муҳоҷирон нисфи ММД-и давлатро ташкил медиҳад. Мо инро чун самти муҳими сиёсати Русия дар муносибат бо кишвари дӯсти Тоҷикистон баҳо медиҳем. Масъалаи муҳоҷират бисёр мушкилотро ба бор овардааст, ки мо онҳоро ба назар мегирем ва саъй меварзем, то шароити муҳоҷирони тоҷик беҳтар гардад ва фаъолияти онҳо дар асоси қонун сурат пазирад”.

Тибқи иттилои мақомоти омории Русия, авохири моҳи август дар ин кишвар 11 млн. 298 ҳазор муҳоҷир ба қайд гирифта шудааст. Бештари онҳоро муҳоҷирон аз Ӯзбекистон (2 млн. 600 ҳ.) ташкил медиҳанд. Шумори муҳоҷирон аз кишварҳои дигар ба таври зайл аст: Украина (1 млн. 488 ҳ.), Тоҷикистон (1 млн. 260 ҳ.), Озарбойҷон (616 ҳ.), Қирғизистон (574 ҳ.), Молдавия (555 ҳ)… 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.