Имомхатибони Тоҷикистон бо маош таъмин мешаванд

Имомхатибони масоҷиди Тоҷикистон бо музди меҳнат таъмин карда мешаванд. Муовини раиси Кумита оид ба корҳои дини назди ҳукумати ҶТ Мавлон Мухторов дар ин робита изҳор намуд, ки лоиҳаи таъмини имомхатибони масҷидҳои ҷумҳурӣ бо музди меҳнат ҷиҳати баррасӣ ба президент ирсол шудааст. Ба тахмини ӯ, ҳукумат лоиҳаро тасдиқ хоҳад кард, зеро ҷудо кардани воситаҳо барои пардохти […]

ASIA-Plus


Имомхатибони масоҷиди Тоҷикистон бо музди меҳнат таъмин карда мешаванд.

Муовини раиси Кумита оид ба корҳои дини назди ҳукумати ҶТ Мавлон Мухторов дар ин робита изҳор намуд, ки лоиҳаи таъмини имомхатибони масҷидҳои ҷумҳурӣ бо музди меҳнат ҷиҳати баррасӣ ба президент ирсол шудааст.

Ба тахмини ӯ, ҳукумат лоиҳаро тасдиқ хоҳад кард, зеро ҷудо кардани воситаҳо барои пардохти музди меҳнат ба имомхатибон аз 1-уми январи соли 2014 ташаббуси худи президент Эмомалӣ Раҳмон буд.

«Мутобиқи лоиҳаи мазкур, соли 2014 ба имомхатибони ҳудуди 450 масҷиди кишвар музди меҳнат пардохта мешавад, аммо ба кадом миқдор ҷудо шудани воситаҳо ва ҳаҷми музди меҳнати имомхатибон баъди тасдиқи лоиҳа муайян мегардад», – гуфт манбаъ.

«Ҳадаф аз роҳандозии лоиҳаи мазкур баланд бардоштани сатҳи масъулияти имомхатибон барои фаъолияташон мебошад, зеро онҳо барои таълиму тарбияи насли наврасу ҷавонон ва дар маҷмӯъ ҷомеа масъуланд», – афзуд номбурда.

Зимнан зикр гардид, ки тамоили ба ин монанд дар Русия, Чин, ИМА, Кувайт, Арабистони Саъудӣ, Ӯрдун ва ҳатто дар Қирғизистон низ мавҷуд аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.