Интиқоли об ба маркази Душанбе як шабонарӯз қатъ шуд

Ба сокинони қисмати марказии шаҳри Душанбе ба муддати як шабонарӯз интиқоли оби нӯшокӣ қатъ гардид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз КВД «Обу корези Душанбе» хабар доданд, интиқоли об ба сокинони манзилҳои воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ, кӯчаҳои Хайём, Карамов, Саид Носир ва Лутфулло Бузургзода қатъ шудааст. «Интиқоли об аз соати 8-и субҳи 4-уми январ то 8-и […]

Заррина Эргашева


Ба сокинони қисмати марказии шаҳри Душанбе ба муддати як шабонарӯз интиқоли оби нӯшокӣ қатъ гардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз КВД «Обу корези Душанбе» хабар доданд, интиқоли об ба сокинони манзилҳои воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ, кӯчаҳои Хайём, Карамов, Саид Носир ва Лутфулло Бузургзода қатъ шудааст.

«Интиқоли об аз соати 8-и субҳи 4-уми январ то 8-и субҳи 5-уми январ қатъ карда мешавад. Сабабаш иҷрои корҳои сохтмонӣ дар кӯчаи Умари Хайём аст ва масъулияти ин қатъкунии интиқоли обро, ки дар мавсими сармо метавонад ба садама боис гардад, ширкати сохтмонӣ ба дӯш гирифт», – шарҳ доданд дар корхона.

Дар ҳамин ҳол, дар саҳифаҳои шабакаи иҷтимоии «Фейсбук» сокинони Душанбе аз тез-тез қатъ шудани интиқоли об шикоят мекунанд. Як сокини пойтахт шикоят кардааст, ки аллакай муддати 4 рӯз аст, ки ба онҳо дар маркази шаҳр мунтазам об интиқол намеёбад.

Корбари дигари шабака телефонограммаи расмии КВД «Обу корези Душанбе бо мазмуни «бинобар сабаби корҳои таъмиру омодагӣ интиқоли об ба шаҳр муддати 2 рӯз қатъ мегардад»-ро оварда, изҳори тааҷҷуб мекунад, ки «магар ин корҳоро дар мавсими тобистон анҷом додан ғайриимкон буд?».

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.