Дар наздикии Хуҷанд шаҳраки нав бунёд мешавад

Дар остонаи фарорасии Соли нав иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бо иштироки раисони шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Қайроққум, Бобоҷон Ғафуров, Зафаробод ва як қатор сохторҳои вилоятӣ вобаста ба тарҳрезии нақшаи шаҳраки тозабунёд, аз худ намудани заминҳои дашти Сомғор, таъмири куллии қубурҳои ноҳияи Зафаробод ва лоиҳаи беҳтар намудани оби нӯшокӣ дар маркази вилоят машварати корӣ […]

ASIA-Plus


Дар остонаи фарорасии Соли нав иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бо иштироки раисони шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Қайроққум, Бобоҷон Ғафуров, Зафаробод ва як қатор сохторҳои вилоятӣ вобаста ба тарҳрезии нақшаи шаҳраки тозабунёд, аз худ намудани заминҳои дашти Сомғор, таъмири куллии қубурҳои ноҳияи Зафаробод ва лоиҳаи беҳтар намудани оби нӯшокӣ дар маркази вилоят машварати корӣ доир намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилоят, нахуст роҳбари вилоят оиди вазъи кунунии мавзеъи Ҳамробод ва Мирзоработи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров пурсиш ба амал овард. Тавре зикр гардид, дар ин минтақа баҳри эҳтиёҷмандони ноҳия қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ҷудо  карда шудааст. Нахустин масъалае, ки зимни машварати корӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт, маҳз муҳайё намудани инфрасохтор ва таъмини оби нӯшокиву полезӣ барои сокинон дар ин мавзеъҳо мебошад.

Роҳбари вилоят таъкид дошт, ки бо дастгирии бевоситаи Сарвари давлат  Эмомалӣ Раҳмон дар саросари кишвар шаҳрвандоне, ки солҳо барои гирифтани замини наздиҳавлигӣ  дар навбат меистоданд, ҳамакнун ба қитъаи замин дастрасӣ ёфтанд ва вазифаи мақомотҳои маҳаллӣ ин таъмини инфрасохтор барои сокинон мебошад.

Дар ин раванд дастур дода шуд, ки дар мӯҳлатҳои кӯтоҳтарин чоҳи амудӣ кофта шуда, оби полезиву нӯшокиро дар ин мавзеъ муҳайё созанд.

Дар идомаи ҷаласа таҳияи нақшаи генералии шаҳраки тозабунёд  воқеъ дар шимолу  ғарбии шаҳри Хуҷанд  мавриди баррасӣ қарор гирифт. Мувофиқи лоиҳа  дар ин минтақа 3900 гектар  замин аз худ карда шуда, дар он шаҳраки замонавӣ бунёд карда хоҳад шуд.  Шаҳрак дорои тамоми инфрасохтори замони муосир гардида, дар он биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, марказҳои гуногуни хизматрасониву тиҷоратӣ ва як қатор корхонаҳои саноатӣ  бунёд карда мешавад.  Абдураҳмон Қодирӣ масъулинро вазифадор намуд, ки дар муддати се моҳ лоиҳаи шаҳракро  омода намоянд.

Дар ҷаласаи корӣ ҳамчунин беҳтар намудани хизматрасонӣ дар истифодаи оби нӯшокӣ, азхуд намудани заминҳои дашти Сомғор ва таъмиру навсозии қубурҳои баландфишори пойгоҳҳои обкашии ноҳия Зафаробод мавриди баррасӣ қарор дода шуда,  масъулин бобати анҷоми саривақтии дастуру супоришҳо вазифадор карда шуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.