Норозигии вазири нақлиёт аз сифати роҳҳои нав дар ҷумҳурӣ

Чанде қабл вазири нақлиёти Тоҷикистон Хайрулло Асоев бо директори генералии ширкати «Синсян Бейсин»-и Чин оид ба сохтмони роҳу пулҳо ҷаноби Сун Пун Чан ва муовини ӯ ҷаноби Ляо Хэй мулоқот анҷом дод. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ, ҷонибҳо атрофи корҳои таҷдиду сохтмон дар роҳи Айнӣ – Панҷакент – марзи Ӯзбекистон сӯҳбат оростанд. […]

ASIA-Plus


Чанде қабл вазири нақлиёти Тоҷикистон Хайрулло Асоев бо директори генералии ширкати «Синсян Бейсин»-и Чин оид ба сохтмони роҳу пулҳо ҷаноби Сун Пун Чан ва муовини ӯ ҷаноби Ляо Хэй мулоқот анҷом дод.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ, ҷонибҳо атрофи корҳои таҷдиду сохтмон дар роҳи Айнӣ – Панҷакент – марзи Ӯзбекистон сӯҳбат оростанд.

Ба иттилои манбаъ, вазир муҳим будани сифати корҳоро таъкид намуда иброз доштааст, ки механизми қабули корҳои иҷрошуда дигар ва бо назардошти манфиати кишвар, қабули иншооти сохташуда танҳо аз рӯи талаботу меъёрҳо ва сифати корҳо сурат хоҳад гирифт.

«Ҳамаи маводҳои сохтмонӣ дар лабораторияи пажӯҳишгоҳи мо санҷида мешаванд. Ман чанде пеш қитъаҳои роҳро санҷидам, ки ба талабот ҷавобгӯ нестанд. Агар камбудие дар сохтмон ба миён ояд, аз нав иҷро кардани он лозим меояд. Яъне баҳои мо аз рӯи кор ва сифати он дода мешавад», – гуфтааст Хайрулло Асоев.

Гуфта мешавад, нмояндагони ширкати Чин дархостҳои вазирро пазируфта, изҳор доштаанд, ки дар масъалаи корҳои лоиҳа ба ҳамкориҳои зич омодаанд.

Ёдрас мекунем, ки нимаи моҳи сентябри соли 2012 Бонки осиёгии рушд (БОР) эълом дошт, ки барои таъмиру таҷдиди роҳи мошингарди Айнӣ-Панҷакент-марзи Ӯзбекистон ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 100 млн. доллари ИМА бурс ҷудо мекунад.

Арзиши умумии лоиҳаи мазкур 136 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Барои татбиқи лоиҳаи мазкур ҳукумати Тоҷикистон ҳамчун шарики молиявӣ дар ҳаҷми 22 млн. $ сармоягузорӣ ва Фонди ОПЕК (Созмони кишварҳои содиркунандаи нафт) оид ба рушди байнулмилалӣ ба маблағи 14 млн. $ қарз ҷудо мекунад. Вазорати нақлиёт иҷрокунандаи лоиҳаи мазкур маҳсуб гардида, анҷоми он соли 2016 дар назар аст.

Лоиҳаи мазкур бо шумули таъмиру таҷдиди заҳбуру пулҳо дар маҷмӯъ азнавсозии 113 километр роҳро дарбар мегирад. Ҳамчунин дар чаҳорчӯби амалисозии лоиҳа то гузаргоҳи «Дӯстӣ» дар марзи Ӯзбекистон кашидани хатти интиқоли барқ ба нақша гирифта шудааст.

Роҳи мошингарди Айнӣ-Панҷакент-марзи Ӯзбекистон қисмате аз Роҳи қадимаи абрешим аст. Он қад-қади дарёи Зарафшон ноҳияҳои Айнӣ ва Панҷакентро убур намуда, то марзи Ӯзбекистон мерасад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.