Суғд: Пиёдагарди хурдсолро пахш намудани ронандаи маст

Ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», сокини ноҳияи Панҷакент Каримбердӣ Тайманови 44-сола дар ҳолати мастӣ ва бидуни ҳуҷҷати ронандагӣ ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди деҳаи Шурноваи ҳамин ноҳия бехатарии ҳаракати роҳро риоя накарда, пиёдагарди хурдсол Дилфуза Маматоваи 6-соларо бо автомашинааш пахш мекунад, ки дар натиҷа пиёдагарди хурдсол ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст. Бино ба […]

Мавлуда Рафиева


Ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», сокини ноҳияи Панҷакент Каримбердӣ Тайманови 44-сола дар ҳолати мастӣ ва бидуни ҳуҷҷати ронандагӣ ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди деҳаи Шурноваи ҳамин ноҳия бехатарии ҳаракати роҳро риоя накарда, пиёдагарди хурдсол Дилфуза Маматоваи 6-соларо бо автомашинааш пахш мекунад, ки дар натиҷа пиёдагарди хурдсол ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Бино ба маълумоти Шуъбаи БДА-и Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд, соли гузашта дар садамаҳои нақлиёт дар қаламрави вилоят 90 нафар кӯдакон осеб дида, 23 нафарашон ба ҳалокат расиданд.

Дар маҷмӯъ дар зарфи 11 моҳи соли ҷорӣ дар роҳҳои мошингарди минтақаи шимоли ҷумҳурӣ 339 ҳодисаи садамаи нақлиёт (ҳамин давраи соли гузашта – 310 ҳодиса) ба қайд гирифта шуда, бар асари онҳо 131 нафар ҳалок (соли 2012 – 135 нафар) ва 345 нафар (соли 2012 – 338 нафар) ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, соли гузашта 454 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари онҳо 86 нафар ба ҳалокат расида, 359 нафар кўдакону наврасони то синни 16 сола чароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштаанд. Аз он ҷумла ба ҳайси: пиёдагард-320 нафар, мусофир-97 нафар, велосипедист-27 нафар, ронанда-5 нафар.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.