Таъсиси боз як бонки нав дар Тоҷикистон

Шумораи бонкҳои низоми бонкии мамлакат ба як адад афзоиш ёфта, миқдори онҳо ба 17 адад баробар шуд. Бино ба иттилои хадамот матбуот Бонки миллии ҷумҳурӣ, бо қарори Раёсати БМТ аз 3 январи соли 2014, Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи Ташкилоти амонатии қарзии хурд “Спитамен Капитал” ба Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Спитамен Бонк” табдил дода шуда, ба вай иҷозатнома […]

ASIA-Plus


Шумораи бонкҳои низоми бонкии мамлакат ба як адад афзоиш ёфта, миқдори онҳо ба 17 адад баробар шуд.

Бино ба иттилои хадамот матбуот Бонки миллии ҷумҳурӣ, бо қарори Раёсати БМТ аз 3 январи соли 2014, Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи Ташкилоти амонатии қарзии хурд “Спитамен Капитал” ба Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Спитамен Бонк” табдил дода шуда, ба вай иҷозатнома барои анҷом додани амалиёти бонкӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ дода шуд.

Гуфта мешавад, ҳамчунин, тибқи Қарори мазкур барои ба вазифаҳои роҳбарикунандаи бонки навтаъсис таъин намудани мутахассисони соҳибтаҷрибаи соҳаи бонкӣ розигӣ дода шуд.

ҶСК Ташкилоти амонатии қарзии хурди «Спитамен Капитал» соли 2008 таъсис ва ба даҳгонаи бузургтарин ташкилотҳои ин соҳа шомил буд. Ташкилот бо сармоя дар ҳаҷми 686 ҳазор сомонӣ ба фаъолият пардохта, аллакай аввали соли 2013 ҳаҷми сармояи он 51,4 млн. сомониро ташкил дод. Сандуқи қарзии ташкилот ба аввали соли 2013 ба 18,5 млн. сомонӣ баробар буд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.