Маълумоти омории муомилоти моли дуҷонибаи Тоҷикистону Чин боз тафовут доранд

Маълумоти омории Вазорати тиҷорати Чин оид ба ҳаҷми муомилоти молӣ миёни Тоҷикистону Чин дар зарфи 11 моҳи соли гузашта тақрибан 2,5 баробар аз маълумоти расмии Тоҷикистон зиёдтар аст. Чанде қабл зимни нишасти хабарӣ дар Пекин сафири Тоҷикистон дар Чин Рашид Олимов бо истинод ба маълумоти ин вазорат иттилоъ дод, ки ҳаҷми муомилоти моли дуҷониба миёни […]

Пайрав Чоршанбиев


Маълумоти омории Вазорати тиҷорати Чин оид ба ҳаҷми муомилоти молӣ миёни Тоҷикистону Чин дар зарфи 11 моҳи соли гузашта тақрибан 2,5 баробар аз маълумоти расмии Тоҷикистон зиёдтар аст.

Чанде қабл зимни нишасти хабарӣ дар Пекин сафири Тоҷикистон дар Чин Рашид Олимов бо истинод ба маълумоти ин вазорат иттилоъ дод, ки ҳаҷми муомилоти моли дуҷониба миёни кишварҳо дар давоми 11 моҳи соли гузашта 1 млрд. 672 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,1% бештар аст.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти Тоҷикистон бошад, ҳаҷми муомилоти моли миёни Тоҷикистон дар ин давра ҳамагӣ 631 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2012 ба миқдори 2,1% зиёдтар мебошад.

Қрбили зикр аст, ки тайи солҳои ахир чунин фарқияти назаррас миёни маълумоти расмии омории Тоҷикистону Чин оид ба ҳаҷми муомилоти молӣ зиёд ба мушоҳида мерасанд.

Зимни нишасти хабарии ҷамъбасти нимсолаи гузашта муовини аввали роҳбари Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ Неъмат Раҳматов изҳор намуда буд, ки фарқи маълумоти омори гумрукӣ миёни Тоҷикистону Чин

истифодаи методологияи гуногуни

ҷонибҳо зимни таҳияи ин гуна маълумот аст.

Раҳматов таъкид дошт, ки дар кишварҳои пасошӯравӣ методогияи тасдиқшуда тибқи созишномаи дахлдор миёни ин кишварҳо мавриди истифода қарор дорад, дар Чин бошад, методологияи тамоман дигар амал мекунад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.