Овозхони тоҷик дар озмуни «Панҷ ахтар. Интервидение»

Душанбе. 21-уми август. ОИ «Азия-Плюс» –   Овозхони 19-солаи тоҷик Таҳмина Ниёзова дар озмуни байнулмилалии сарояндагони ҷавон «Панҷ ахтар. Интервидение» ширкат хоҳад варзид. Озмун дар шаҳри Сочи аз 28 то 31-уми август баргузор мешавад. Дар мусоҳиба ба ОИ «Азия-Плюс» сарояндаи ҷавон изҳор дошт, ки айни замон ӯ бо устоди худ – модараш Гулчеҳра Ниёзова дар […]

Далер Ғуфронов


Душанбе. 21-уми август. ОИ «Азия-Плюс» –

 

Овозхони 19-солаи тоҷик Таҳмина Ниёзова дар озмуни байнулмилалии сарояндагони ҷавон «Панҷ ахтар. Интервидение» ширкат хоҳад варзид. Озмун дар шаҳри Сочи аз 28 то 31-уми август баргузор мешавад.




Дар мусоҳиба ба ОИ «Азия-Плюс» сарояндаи ҷавон изҳор дошт, ки айни замон ӯ бо устоди худ – модараш Гулчеҳра Ниёзова дар шаҳри Маскав аст ва ба озмун омодагӣ мегирад. Ӯ мегӯяд, ки аз баргузории озмун танҳо то се рӯзи боқимондаи пешниҳоди дархост огоҳ шудааст ва фавран дархост равона кардааст. Пас аз панҷ рӯз аз кумиати тадорукоти озмун ба ӯ занг зада хабар додаанд, ки ӯ ҳуқуқи ширкат дар озмунро соҳиб шудааст. Сарулибоси саҳнавии сарояндаро ороишгари тоҷик Юсуф Саидов омода сохтааст.



Дар озмун сарояндагони синни 16 то 30 солаи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Назди Балтика иштирок мекунанд ва Т.Ниёзова дар байни онҳо овозхони ҷавонтарин аст. Дар озмун ӯ таҳти рақами аввал сабт шуда, онро ифтитоҳ мекунад.



Овозхони тоҷик дар озмун ба тамошобинон дар рӯзи аввал суруди «Занги телефон» бо забони тоҷикӣ, дар рӯзи дуввум суруди «Гулҳои зери барф» аз эҷодиёти Лариса Долина бо забони русӣ ва дар рӯзи севум суруди «


Hero


»-ро аз эҷодиёти сарояндаи англис Мерай Кэрри ба тамошобинон пешкаш хоҳад кард.



Озмун тайи се рӯз дар шабакаи телефизионии «ОРТ»-и Русия намоиш дода шуда, ғолибон тавассути овоздиҳии


SMS




муайян карда мешаванд. Т.Ниёзова ҳамчунин иттилоъ дод, ки шабакаи «ОРТ» барои кишварҳое, ки намояндаашон дар озмун иштирок мекунад, намоиши ройгони озмунро таъмин мекунад. Манбаъ аз телевизиони «Шабакаи якум»-и Тоҷикистон иттилоъ дод, ки озмун дар рӯзҳои баргузории нишасти сарони кишварҳои Созмони Ҳамкории Шанхай дар Душанбе доир мегардад ва аз ин рӯ, онҳо имкон надоранд, ки мустақиман онро намоиш диҳанд. Дар телевизиони фарҳангии «Сафина» бобати ин масъала ҷавоби мушаххасе дода нашуд.



Қобили зикр аст, ки Т.Ниёзова аз синни 14-солагӣ ба овозхонӣ шурӯъ карда, дар озмуни сарояндагони наврас «Асри нав» соҳиби ҷоиза гардидааст. Соли 2007 дар озмуни «Суруди сол» дар бахши «Симои тоза» ба ҷоиза сазовор дониста шудааст. Таҳмина Ниёзова набераи иҷрокунандаи маъруфи сурудҳои «Шашмақом» Боймуҳаммад Ниёзов аст.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Дар Тоҷикистон 35 дарсади шаҳрвандон бо фасод дучор шудаанд. Мақомот худ нигаронанд

Бузургтарин назарсанҷӣ нишон дода, ки бахши маориф, пулис ва тандурустӣ дар феҳрасти ниҳодҳои фасодзадаанд.

Парлумони Тоҷикистон ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро ба Русия маъқул донист. Чӣ тағйир ёфт?

Анҷоми расмиёти таҳияи ҳуҷҷатҳо ба ватан гузаронида шуда, корфармоён пешакӣ кормандонро интихоб мекунанд.

Ҷовид Муқим: “Азия-Плюс” ҳирфаӣ, бидуни таҳқир ва аз дарди ҷомеа мегӯяд”

Ӯ ҳамчунин, ба саҳми ин расона дар тайёр кардани мутахассисони расона ва такмили дониши онҳо ишора кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 77

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Боҷҳои давлатӣ барои муҳоҷирон дар Русия метавонанд 12 баробар зиёд шаванд

Аз ҷумла, маблағи қабул ба шаҳрвандӣ ё даст кашидан аз он метавонад аз 4,2 ҳазор то 50 ҳазор рубл боло равад.

“Тоскулоҳи бузург”-и Душанбе: кадоме аз ҷудокорон меоянд ва даъвогарони пирӯзӣ кистанд?

Барои Тоҷикистон ин на танҳо оғози мавсим дар хона, балки санҷиш муқобили ҳарифони пурқувват аз Аврупо, Осиё ва фазои пасошӯравӣ хоҳад буд.

Дар Суғд раиси як хоҷагӣ ду ҳамдеҳаашро бо милтиқ парондааст

Ҳарду сокини тирхурда ҷон бохтаанд ва ҷанозаи онҳоро имрӯз ба хок супоридаанд.