Шумори тоҷикистониён дар Русия коҳиш ёфт

Шумори шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия ба аввали моҳи ягывари соли равон 1 млн 111 ҳазору 791 нафарро ташкил медиҳад. Бино ба маълумоти сомонаи расмии Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия, аз ин шумори тоҷикистониён 926 ҳазору 668 танро мардон ва 185 ҳазору 123 касро занон ташкил медиҳанд. Гуфта мешавад, дар муқоиса бо маълумоти ахири тирамоҳи соли гузашта […]

ASIA-Plus


Шумори шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия ба аввали моҳи ягывари соли равон 1 млн 111 ҳазору 791 нафарро ташкил медиҳад.

Бино ба маълумоти сомонаи расмии Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия, аз ин шумори тоҷикистониён 926 ҳазору 668 танро мардон ва 185 ҳазору 123 касро занон ташкил медиҳанд.

Гуфта мешавад, дар муқоиса бо маълумоти ахири тирамоҳи соли гузашта шумори тоҷикистониён дар қаламрави Русия 34 ҳазор нафар кам шудааст. Сабаби ин фарорасии мавсими сармо унвон мешавад, ки дар ин вақт аксари тоҷикистониён ба ватан баргашта, сипас боз фасли баҳор ба муҳоҷират рӯ меоранд.

Тибқи маълумоти Хадамоти федеарлии муҳоҷирати Русия, ба аввали моҳи ноябри соли гузашта ҳудуди 1 млн. 146 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русия қарор доштанд, ки каме бештар аз 962,2 ҳазор нафарашонро мардон ва зиёда аз 183,4 ҳазор танро занон ташкил медоданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.