Суруди машҳури Далер Назаров дар барномаи Андрей Малахов

Ҷӯрабек Ҷӯраеви 6-сола, ки дар видео-хостинги Youtube бо сароидани суруди оҳангсоз ва овозхони саршиноси тоҷик Далер Назаров миллионҳо тамошобинонро ба худ ҷалб намуд, бо суруди «Чак-чаки борон» ин дафъа аллакай дар барномаи «Сегодня вечером с Андреем Малаховым» дар Шабакаи аввали телевизиони Русия ҳунарнамоӣ кард. Ровии барнома Ҷӯрабекро аз Ӯзбекистон ба барномаи солинавӣ даъват кард, то […]

ASIA-Plus


Ҷӯрабек Ҷӯраеви 6-сола, ки дар видео-хостинги Youtube бо сароидани суруди оҳангсоз ва овозхони саршиноси тоҷик Далер Назаров миллионҳо тамошобинонро ба худ ҷалб намуд, бо суруди «Чак-чаки борон» ин дафъа аллакай дар барномаи «Сегодня вечером с Андреем Малаховым» дар Шабакаи аввали телевизиони Русия ҳунарнамоӣ кард.

Ровии барнома Ҷӯрабекро аз Ӯзбекистон ба барномаи солинавӣ даъват кард, то ғолибони мавсими навбатии барномаи «Голос»-ро табрик намояд.

Суруди «Чак-чаки борон» яке аз оҳангҳои машҳуру писандидаи Далер Назаров аст. Далер Назаров замоне ин сурудро бо овозхони машҳури Ӯзбекистон Юлдуз Усмонов дар яке аз консертҳои муштарак дар Душанбе низ сароида буд.

Дар ҳамин ҳол, рӯзи 1-уми март дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико консерти нахустини Далер Назаров барпо мешавад.

https://www.youtube.com/watch?v=56HJRv4J-3k

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.