Соли 2013 дар ноҳияи Балҷувон 4 хона-мактаби шахсӣ барҳам дода шуда, ба ҷойи он мактаби замонавӣ бунёд гардидааст.
Дар ин бора имрӯз муовини аввали вазири маориф ва илми ҶТ Раҳматулло Мирбобоев зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе иттилоъ дод. Ба гуфтаи ӯ, соли 2013 дар ҳудуди ҷумҳурӣ 14 мактаб бо 1740 ҷойи нишаст ба истифода дода шудааст.
Вай афзуд: “Мутаассифона, мактабҳои хонагӣ баъзан мисли замбурӯғ пайдо мешаванд. Мо болои ин масъала кор карда истодаем, ки таҳсилоти ибтидоии наврасонро аз хонаҳо барорем. Дарс дар хонаҳо, мутаассифона, мисли усули “мактаби кӯҳна” сурат мегирад. Мо дар бораи хона-мактабҳо маълумот дорем. То имрӯз аз вагонҳо ва хонаҳои шахсӣ наврасонро бароварда, ба мактаб овардем. Соли 2013 аз рӯйи имкон дар ин самт кор кардем ва соли 2014 дар нақша дорем, ки аз моҳи сентябр, бо оғози соли нави таҳсил кушодани мактаб дар хонаҳоро пешгирӣ кунем”.
Муовини аввали вазири маориф ва илм гуфт, ки ҳар як шахс барои кушодани мактаби хусусӣ ҳуқуқ дорад. Аммо бояд шароити он ба талаботи Вазорати маориф ва илми ҶТ мувофиқат кунад. Дар ин сурат Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф ба он нафар иҷозат медиҳад, ки мактаби хусусӣ боз кунад. Кушодани мактабҳои хусусӣ аз рӯйи қонун дуруст аст ва рақобатро ба миён меорад, ки боиси пешрафти ҷомеа хоҳад шуд.
Раҳматулло Мирбобоев дур будани мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз ҷойи зисти муҳассилинро сабаби дар хонаҳо ташкил шудани мактабҳои шахсӣ медонад. Ба гуфтаи ӯ, дар баъзе навоҳии кӯҳистони Тоҷикистон деҳаҳое ҳастанд, ки аз 4-5 хоҷагӣ иборатанд ва дар он ҷо кушодани мактаб то андозае мушкил аст.
Бо ин сабабҳо дар соли хониши 2012-2013 дар қаламрави ҷумҳурӣ 2630 нафар кӯдакони синни мактабӣ аз таҳсили ҳатмӣ дур мондаанд. Аз ин шумора 1479 нафарро духтарон ташкил медодаанд.
Муовини аввали вазир гуфт, ки яке аз мушкилоти дигар норасоии мутахассисон дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ мебошад. Соли 2013 дар қаламрави ҷумҳурӣ норасоии 477 омӯзгор ба қайд гирифта шудааст. Аз ҷумла, дар вилояти Бадахшон 12, дар Хатлон 245, дар Суғд 70, дар шаҳри Душанбе 16 ва навоҳии тобеи марказ 134 нафар омӯзгор намерасад. Инчунин ба кор наомадани хатмкардагони риштаи омӯзгорӣ боиси ҳалли худро наёфтани мушкили норасоии мутахассисон гаштааст. Соли 2013 аз 3870 мутахассиси ҷавони риштаи омӯзгорӣ танҳо 2441 нафар ба кор омадаанд.



