Шаҳрдории пойтахт ба дастгирии собиқадорон ҷангу меҳнат идома медиҳад

Соли ҷорӣ дар буҷети мақомоти шаҳри Душанбе барои дастгирӣ ва кӯмак ба 8 ҳазору 355 нафар маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, иштирокчиёни ҷангҳо дар қаламрави давлатҳои дигар, садамаи Нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил, шахсоне, ки бо ордену медалҳо барои меҳнати шоён ва хизмати софдилонаи ҳарбӣ дар ақибгоҳ сарфароз гардидаанд, оилаҳои бесаробонмондаи иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва дигар […]

ASIA-Plus


Соли ҷорӣ дар буҷети мақомоти шаҳри Душанбе барои дастгирӣ ва кӯмак ба 8 ҳазору 355 нафар маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, иштирокчиёни ҷангҳо дар қаламрави давлатҳои дигар, садамаи Нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил, шахсоне, ки бо ордену медалҳо барои меҳнати шоён ва хизмати софдилонаи ҳарбӣ дар ақибгоҳ сарфароз гардидаанд, оилаҳои бесаробонмондаи иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва дигар қишри ниёзманд 2 млн. 338 ҳазору 800 сомонӣ маблағ пешбинӣ шудааст.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, 123 нафар собиқадорони ҶБВ ва 5 оилаи иштирокчиёни ҶБВ, ки бесаробон мондаанд, ҳар моҳ аз ҳисоби буҷети шаҳр 500-сомонигӣ, 112 нафар маъюбони ҷанги Афғонистон, се нафар иштирокчии муҳосираи Ленинград, 175 нафар маъюбони садами Чернобил, 293 нафар коргарони ақибгоҳ дар солҳои ҶБВ, 75 афроди бо ордену медалҳо қадрдонишуда ҳар моҳ аз буҷети шаҳр 100-сомонигӣ маблағ мегиранд.

«Ғайр аз ин, ба шахсони дорои хизматҳои шоиста барои пойтахт ҳар моҳ дар ҳаҷми аз 40 то 120 сомонӣ ва ба 7 ҳазору 536 нафар нафақахӯрони пойтахт, ки синнашон аз 75-сола боло аст, як сол як маротиба дар ҳаҷми 100 сомонӣ иловапулӣ ба нафақа дода мешавад», – итттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти шаҳрдорӣ.

Қобили зикр аст, ки муддати 18 соли ахир мақомоти шаҳрдории пойтахт ҳамасола бо афзудани ҳаҷми кӯмаки молиявӣ мудом ин қишри аҳолиро дастгирӣ мекунад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.