Анонс
– Дар доираи тамринҳои омӯзишӣ дастаи мунтахаби футболи ҷавонони Тоҷикистон дар майдони сунъии Варзишгоҳи марказӣ бо тими КМВА «Помир» бозии навбатии санҷишӣ мегузаронад. Оғози бозӣ соати 14:00;
– Дар пахши мустақими барномаи «Салом, алейкум, диёрам!»-и радиои «Азия-Плюс» овозхон Зулайхо меҳмони барнома мешавад. Барнома аз соати 12:05 то 13:00 пахш мешавад;
– Дар дафтари кории Бонки осиёгии рушд дар Душанбе (кӯч. Советская, 45) брифинги матбуотии намояндаи доимии БОР дар ҶТ Си. Си. Ю. доир мегардад;
– Дар бинои суди шаҳри Қӯрғонтеппа маросими ифтитоҳи толори мурофиаи судӣ ва утоқи пурсиши некхоҳона барои кӯдакон доир мегардад, ки бо дастгирии Шӯрои адлияи ҶТ ва ЮНИСЕФ бунёд карда шудааст
.
Оғоз соати 15:30.
Қурби асъор
Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:
1
доллари ИМА
– 4.7743
сомонӣ;
1
евро
– 6.4973
сомонӣ;
1
рубли русӣ
– 0.14
39
сомонӣ.
Як рӯзи таърих
1724
— Дар Русия бо фармони Пётри I никоҳи маҷбурӣ манъ карда шуд.
1899
— Зодрӯзи нахустин Комиссари халқии маорифи ҶШСА Тоҷикистон (1924-1927) доктори илмҳои таърих, профессор Аббос Алиев.
1963
— Котиби якуми КМ ҲКИШ, раиси Шӯрои Вазирони ИҶШС Н.С.Хрущев перомуни дар ИҶШС мавҷуд будани бомбаи 100-мегатоннаи водородӣ маълумот дод.
Вазъи обуҳаво
Дар
вилояти
Хатлон
— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас, баъзан туман мефарояд.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона -4+1, рӯзона +4+9, дар доманакӯҳҳо шабона -2-7, рӯзона +1+6.
Дар вилояти Суғд
— Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан боришот, дар ноҳияҳои ҷудогона туман мефарояд.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона -1-6, рӯзона +3+8, дар доманакӯҳҳо шабона -3-8, рӯзона -3+2.
Дар Ноҳияҳои тобеи марказ
— Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан боришот, дар ноҳияҳои ҷудогона туман мефарояд.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона -3+2, рӯзона +3+8, дар доманакӯҳҳо шабона -4-9, рӯзона -3+2.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
— Обуҳавои
тағйирёбанда,
бидуни боришоти назаррас.
Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона -7-12, рӯзона -1+4; дар шарқи вилоят шабона -21-26, рӯзона -5-10.
Дар шаҳри Душанбе
— Обуҳавои тағйирёбанда, шабона баъзан боришот, рӯзона бидуни боришоти назаррас, туман.
Ҳарорат: шабона -1+1, рӯзона +3+5.
Дар шаҳри Хуҷанд
— Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан боришот дар назар аст.
Ҳарорат: шабона 0-2, рӯзона +2+4.
Дар шаҳри Қӯрғонтеппа
— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.
Ҳарорат: шабона -1+1, рӯзона +5+7.
Дар шаҳри Кӯлоб
— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.
Ҳарорат: шабона 0-2, рӯзона +4+6.
Дар шаҳри Хоруғ
— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.
Ҳарорат: шабона -8-10, рӯзона -1+1.



