ИЖТ ба дарёфти ҷоизаи ба номи Лоҳутӣ озмун эълон кард

Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон (ИЖТ) барои дарёфти ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ дар соли 2013 миёни журналистон озмун эълон кард. Котиби ИЖТ Талъат Нигорӣ ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ба иштирок дар озмун танҳо аъзои Иттиҳод ҳуқуқ дошта, довталабон ба комиссияи озмун маводи соли 2013 дар матбуоти чопӣ нашршуда ё дар барномаҳои […]

Аваз Юлдошев


Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон (ИЖТ) барои дарёфти ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ дар соли 2013 миёни журналистон озмун эълон кард.

Котиби ИЖТ Талъат Нигорӣ ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ба иштирок дар озмун танҳо аъзои Иттиҳод ҳуқуқ дошта, довталабон ба комиссияи озмун маводи соли 2013 дар матбуоти чопӣ нашршуда ё дар барномаҳои телевизиону радио садододаву ба намоиш гузоштаро пешниҳод месозанд.

«Тибқи шартҳои озмун ба як шахс ҷоиза танҳо як маротиба супурда мшавад ва аз ин рӯ, шахсони соҳиби ин ҷоиза ба пешниҳоди маводи худ ҳуқуқ надошта, ҷоиза аз рӯи 4 номинатсия – маводи беҳтарин дар ВАО-и чопӣ, маводи беҳтарини телевизионӣ, маводи беҳтарин дар барномаи радио ва маводи беҳтарини таҳқиқоти илмии журналистӣ – дастури таълимӣ барои журналистон тақдим карда мешавад», – иброз дошт Нигорӣ.

Ба гуфтаи ӯ, тамоми маводи барои озмун пешбинишуда бояд дар 7 нусха то 1-уми март ба комиссияи озмун пешниҳод гарданд ва дар ҷашни Рӯзи матбуоти тоҷик – 10-уми март ғолибони озмун эъон карда мешаванд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.