Шумсораи умумии кормандони Академияи илмхои Точикистон ба 2006 нафар мерасад, ки аз ин шумора 70%-ро кормандони аз 50 боло ташкил мекунанд. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти хабарӣ президенти АИ Фарҳод Раҳимов иттилоъ дод.
Ба иттилои ӯ, ки гӯё ҷавонон ьештар аз сабаби кам будани маоши академия ба кор намеоянд, асос надорад. «Бояд гуфт, ки маоши кормандони академия, мисол, аз кормандони Вазорати маориф бештар аст. Ба ҳисоби миёна корманди академия зиёда аз 808 сомони маош мегирад» – қайд кард президенти АИ.
Ҳамчунин зикр гардид, ки дар соли 2013 хаҷми маблағи чудошуда аз бучаи давлат барои Академияи илмҳо 27 млн. сомониро ташкил дод ва дар соли 2014 он ба маротиб бештар мешавад.



