Убайдуллоев муовинони навашро ба кормандони шаҳрдорӣ муаррифӣ кард

Дар ҷаласаи чанде қабли мақомоти шаҳрдории пойтахт таҳти раёсати раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев масоили марбут ба таъмир ва азнавсозии роҳҳои шаҳр ва омодагиҳо ба истиқбол аз 90-солагии мақоми пойтахтро доро гардидани шаҳри Душанбе баррасӣ шуданд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, бо дахли масоили рушди меъморӣ ва татбиқи Нақшаи генералии шаҳр, ки […]

ASIA-Plus


Дар ҷаласаи чанде қабли мақомоти шаҳрдории пойтахт таҳти раёсати раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев масоили марбут ба таъмир ва азнавсозии роҳҳои шаҳр ва омодагиҳо ба истиқбол аз 90-солагии мақоми пойтахтро доро гардидани шаҳри Душанбе баррасӣ шуданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, бо дахли масоили рушди меъморӣ ва татбиқи Нақшаи генералии шаҳр, ки тибқи барномаҳои шаҳрсозӣ дар соли ҷорӣ амалӣ  мешаванд, зикр гардид, ки таваҷҷуҳи бештар ва зарфиятҳои мавҷуда ба беҳбудбахшии намои меъморӣ ва рушди сохтмон бо сафарбарсозии имкониятҳои буҷети шаҳр ва сармояҳои соҳибкорӣ қабл аз ҳама дар қисмати марказии шаҳр бо риояи талаботи қонунгузорӣ ва эҳтиромгузорӣ ба ҳуқуқҳои соҳибмулкони иншооти мавҷуда вусъат дода мешаванд.

«Ба масъалаи сохтмон ва аз рӯи таъинот дубора мавриди истифода қарор додани муассисаҳои томактабие, ки феълан аз ҷониби дигар субъектҳо дар ҳоли истифодабарӣ мебошанд, таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуда, дар ин робита раиси пойтахт дастур дод, ки раисони ноҳияҳо то 1 феврали соли ҷорӣ ҳолати мактабу муассисаҳои томактабиро шахсан аз назар гузаронида, ба раиси шаҳр маълумот манзур созанд», – омадааст дар хабари шаҳрдорӣ.

Зимнан зикр мегардад, ки М.Убайдуллоев нисбати дастгирии мутахассисони ҷавон ва ротатсияи хизматчиёни давлатӣ дар дастгоҳи Раиси шаҳру сохторҳои шаҳрӣ масълагузорӣ намуда, муовинони нави Раиси шаҳри Душанбе: Қурбонова Руқия Атоевна ва Ҳакимов Низом Ҳоҷиевичро, ки дар мувофиқа бо Президенти мамлакат ба ин симмат таъин шудаанд ба фаъолони шаҳр муаррифӣ карда, барояшон дар иҷрои вазифаҳои нави хизматӣ барору масъулияти том орзу намуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

“Шикор”-и кирокашҳои “10-сомонӣ”. Сокинони Душанбе чӣ назар доранд?

Аз оғози моҳи апрел пулиси Душанбе ба “шикор”-и кирокашҳое, ки миёни мардум бо номи “таксиҳои 10 - сомонӣ” маъруф аст, оғоз кардаааст.

“Бо мардум кор кунед, ҷойи кор таъсис диҳед”. Эмомалӣ Раҳмон дар Данғара ба роҳбарон чӣ гуфт?

Ӯ инчунин соҳаҳои маорифу тандурустӣ, саноат ва кишоварзиро таҳлилу баррасӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 75

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Вазир: “Деҳқон озод аст”. Раис: “Пахта кор”. Кишоварзон чӣ кор бояд кунанд?

Вазорати кишоварзӣ мегӯяд, ҳеқ кас барои маҷбур кардани деҳқонон ҳақ надорад, лекин мақомот дар маҳалҳо ҳарчи зиёдтар фишор меоранд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 апрели соли 2026

Аз пахши радиои "Азия-Плюс" дар Хатлон то зодрӯзи Аъзам Сидқӣ ва Заррагул Искандарова