Дафтари бахши ҲНИТ дар Суғд муҳр зада шуд

Рӯзи 23-юми январ бо амри ҳайате аз намояндагони Хадамоти санитарӣ ва оташнишонӣ, инчунин Кумитаи дин, ки ба дафтари шуъбаи вилоятии ҲНИТ дар шаҳри Хуҷанд субҳ ташриф оварданд, баъд аз чанд соъати раду бадал атрофи масоили мухталиф дари онро бастанд ва сабаби бастани дафтари вилоятии ҳизбро дар ислоҳ накардани камбудиҳои қаблан нишон додаи худ арзёбӣ кардаанд. […]

ASIA-Plus


Рӯзи 23-юми январ бо амри ҳайате аз намояндагони Хадамоти санитарӣ ва оташнишонӣ, инчунин Кумитаи дин, ки ба дафтари шуъбаи вилоятии ҲНИТ дар шаҳри Хуҷанд субҳ ташриф оварданд, баъд аз чанд соъати раду бадал атрофи масоили мухталиф дари онро бастанд ва сабаби бастани дафтари вилоятии ҳизбро дар ислоҳ накардани камбудиҳои қаблан нишон додаи худ арзёбӣ кардаанд.

Сомонаи расмии ҲНИТ аз қавли Илҳомҷон Ёқубов, раиси шӯъбаи ҲНИТ дар вилояти Суғд хабар медиҳад, ки онҳо омилони баста шудани дафтари вилоятии ҳизбро вуҷуд доштани баъзе аз камбудиҳо дар ноқилони барқӣ ва зиддисӯхторӣ гуфтанд.

Гуфта мешавад, амалкарди мақомот дар ҳоле сурат гирифтааст, ки аз баргузор шудани як нишасти матбуъотӣ дар рӯзи 23 – юми январ бо ширкати Саидумар Ҳусайнӣ, муъовини аввали раҳбари ҲНИТ, вакилони мудофеъи марҳум Умеҷон Тоҷиев ва наздикони ӯ аз тариқи ВАО як рӯз қабл эълон пахш гардида буд.

Ёдовар мешавем, Умедҷон Тоҷиев дар бемористони марказии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҶТ дар вилояти Суғд, воқеъ дар муассисаи ислоҳии 3/5-и шаҳри Хуҷанд

ба ҳалокат расид.

Вакили мудофеъи марҳум аз мақомоти экспертизаи тиббӣ тақозо кардааст, ки баъд аз ташхиси ҷасади марҳум сабаби марги ӯро мунсифона ва шаффоф иқрор шаванд.

Дар ҳамин ҳол, сардори Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд, генерал-майори милиса Шариф Назаров дар робита ба ин қазия изҳор намуд, ки  ӯ

ба иллати бемории дил

фавтидааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Муҳимтарин нукоти сафари Ҳаҷ – 2026. Арабистони Саудӣ чӣ маҳдудиятҳо гузошт ва зоирони тоҷик чиҳоро бояд донанд?

Барои ғайриқонунӣ ба Ҳаҷ рафтан то 26 500 доллар ҷарима ва ё ҳатто 6 моҳ ҳабс пешбинӣ шудааст.

Нигаронии Давлаталӣ Саид аз тақсими замин дар Хатлон

Раиси вилоят гуфтааст, ки ин вазъ ба некӯаҳволии сокинон “таъсири манфӣ мерасонад”.

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 9 нафар собиқадорони ҶБВ боқӣ мондаанд.

Дар Тоҷикистон иди Қурбон кай таҷлил мешавад?

Муфтии кишвар рӯзи эҳтимолии онро гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Чанд рӯзи оянда дар Тоҷикистон селу хокбориш пешбинӣ мешавад

Аз шаҳрвандон даъват мешавад, ки аз чораҳои эҳтиётӣ кор гиранд.

Маъмултарин ҳолатҳои риоя нашудани қонунгузории меҳнат дар Тоҷикистон кадомҳоянд?

Соли 2025 бар асари риоя нашудани қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар корҳо 18 нафар ҳалок ва 22 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.