Нияти Tethys Petroleum оид ба роҳандозии фаъолият дар Суғд


Иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд  Абдураҳмон Қодирӣ рӯзи 23 январ, бо  Раиси иҷроия ва Президенти гурӯҳи ширкатҳои  Тетис Петролеум ҷаноби  Дэвид Робсон мулоқот кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, дар ҷараёни  мулоқот ҷонибҳо дурнамои рушди соҳаи нафту газ дар вилояти Суғд ва имкони иштироки  гурӯҳи ширкатҳои  Тетис Петролеум дар ин равандро  баррасӣ карданд.

Абдураҳмон Қодирӣ  иброз доштааст, ки дар қаламрави вилоят захираҳои бойи нафту газ мавҷуданд. «Мо барои  пешбурди корҳои иктишофӣ ва  истихроҷи нафту гази минтақа ба коршарикон ва ширкатҳои эътимодбахш ниёз дорем ва дар ин самт ба ҳамкориҳои судманд омода ҳастем, – гуфтааст  дар сӯҳбат Абдураҳмон Қодирӣ.

Дэвид Робсон дар навбати таъкид доштааст, ки гурӯҳи ширкатҳои Тетис Петролеум фаъолияти густурдаро дар тамоми ҷаҳон пеш мебарад ва омода аст дар шимоли Тоҷикистон дар мавриди эҳё ва барқарор кардани чоҳҳои нафту гази ғайрифаъол, афзоиш бахшидани иқтидорҳои мавҷудаи чоҳҳои нафту газ ва иктишофи конҳои нав фаъолияти хешро ба роҳ монад.

«Дар Тоҷикистон сиёсати воқеан хирадмандона бобати ҷалби маблағгузории хориҷӣ пиёда мешавад ва дар ин замина мо умедвор ҳастем, ки ҳамкориҳои дуҷонибаи судманди мо минбаъд равнақ хоҳад ёфт», – гуфтааст Дэвид Робсон.

Ҷонибҳо ба ҳамкориҳои судманди дутарафа манфиатдор будани худро иброз дошта, таъкид намуданд, ки дар ин бобат иқдомҳои ҷиддиро амалӣ хоҳанд кард.

Бояд гуфт, ки фаъолияти кории Дэвид Робсон асосан бо идоракунии ширкатҳои нафту газ марбут буда, гурӯҳи ширкатҳои Тетис Петролеум аз соли 2007 инҷониб дар Бирҷаи саҳмияҳои Торонто сабти ном шудааст.

Дэвид Робсон дар татбиқи лоиҳаҳои зиёди  нафту газ дар қаламрави собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ аз соли 1990 инҷониб кор кардааст. Созмон додани аввалин лоиҳаи ғайридавлатии азхудкунии конҳои газ дар Украина, аввалин лоиҳаи ғайридавлатии пармагарӣ дар Баҳри Сиёҳ, аввалин лоиҳаи ғайридавлатии ҷустуҷӯи геологӣ ва пармакунии чоҳҳо дар Гурҷистон ва гуфтушуниид оид ба ҷалб кардани қарзи Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ба як лоиҳаи бахши хусусӣ дар Украина  аз ҷумлаи фаъолиятҳои густурдаи Дэвид Робсон  ба шумор мераванд.

Дэвид Робсон дар Тоҷикистон низ маъруфияти зиёд дорад. Ширкати ӯ фаъолияташро дар қисми ҷануб ва ҷанубу ғарбии мамлакат тавассути ширкатҳои фаръии «Тетис Сервизес Тоҷикистон Лимитед» ва «Кӯлоб Петролеум Лимитед» амалӣ менамояд. Дэвид Робсон инчунин  яке аз аъзои фаъоли таъсисдиҳии Шӯрои мусоидат ба сармоягузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад.

spot_imgspot_img

Популярное