Тоҷикистону Қатар созишномаи ҳамкорӣ дар бахши амниятро ба имзо мерасонанд

Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов  бо Сафири фавқулодда ва мухтори Давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Али Муборак ал-Муҳаннадӣ вохӯрӣ доир намуд. Бино ба иттилои сомонаи расмии ВКД ҶТ, зимни мулоқот Рамазон Раҳимов қайд намуд, ки ҳарчи зудтар ба имзо расонидани лоиҳаи Созишномаи қаблан коркардшуда байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар оиди ҳамкорӣ дар […]

ASIA-Plus


Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов  бо Сафири фавқулодда ва мухтори Давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Али Муборак ал-Муҳаннадӣ вохӯрӣ доир намуд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ВКД ҶТ, зимни мулоқот Рамазон Раҳимов қайд намуд, ки ҳарчи зудтар ба имзо расонидани лоиҳаи Созишномаи қаблан коркардшуда байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар оиди ҳамкорӣ дар самти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва амният ба густариши ҳамкориҳои судманд мусоидат хоҳад кард. «Баъди ба имзо расидани лоиҳаи мазкур муносибатҳои дуҷониба боз ҳам равнақу ривоҷ ёфта, ҳамкориҳо таҳким хоҳанд ёфт», – иброз дошт вазир.  

Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни вохӯрӣ  инчунин масъалаҳои мубориза алайҳи терроризм, экстремизм ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Зимнан зикр мегардад, ки ҷонибҳо ҳамчунин, дар хусуси ҳамкориҳои судманд оид ба мубодилаи иттилоот ва омода намудани кадрҳои ҷавон ибрози назар карданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Муҳимтарин нукоти сафари Ҳаҷ – 2026. Арабистони Саудӣ чӣ маҳдудиятҳо гузошт ва зоирони тоҷик чиҳоро бояд донанд?

Барои ғайриқонунӣ ба Ҳаҷ рафтан то 26 500 доллар ҷарима ва ё ҳатто 6 моҳ ҳабс пешбинӣ шудааст.

Нигаронии Давлаталӣ Саид аз тақсими замин дар Хатлон

Раиси вилоят гуфтааст, ки ин вазъ ба некӯаҳволии сокинон “таъсири манфӣ мерасонад”.

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 9 нафар собиқадорони ҶБВ боқӣ мондаанд.

Дар Тоҷикистон иди Қурбон кай таҷлил мешавад?

Муфтии кишвар рӯзи эҳтимолии онро гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Чанд рӯзи оянда дар Тоҷикистон селу хокбориш пешбинӣ мешавад

Аз шаҳрвандон даъват мешавад, ки аз чораҳои эҳтиётӣ кор гиранд.

Маъмултарин ҳолатҳои риоя нашудани қонунгузории меҳнат дар Тоҷикистон кадомҳоянд?

Соли 2025 бар асари риоя нашудани қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар корҳо 18 нафар ҳалок ва 22 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.