Ифтитоҳи намояндагии ширкати «Возрождение» дар Тоҷикистон

Дар мулоқоти чанде қабли вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шавкат Бобоев бо намояндагони ширкати сохтмонии ҶСП «Возрождение»-и Русия масоили роҳандозии ҳамкориҳои дуҷониба дар самти истеҳсоли масолеҳи сохтмон ва истихроҷи ангишт баррасӣ шуданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ хабар доданд, зимни мулоқот намояндагони ширкати русиягӣ изҳор намудаанд, ки дар […]

Аваз Юлдошев


Дар мулоқоти чанде қабли вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шавкат Бобоев бо намояндагони ширкати сохтмонии ҶСП «Возрождение»-и Русия масоили роҳандозии ҳамкориҳои дуҷониба дар самти истеҳсоли масолеҳи сохтмон ва истихроҷи ангишт баррасӣ шуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ хабар доданд, зимни мулоқот намояндагони ширкати русиягӣ изҳор намудаанд, ки дар Тоҷикистон намояндагии ширкатро боз намуданианд ва ҳамчунин имкон доранд, ки дар асоси лизинг Тоҷикистонро бо техникаи сохтмонӣ низ таъмин кунанд.

«Намояндагони ширкати мазкур барои иштирок дар ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, ки имрӯз ба кор шурӯъ кард,  ба Душанбе ташриф оварданд», – гуфт манбаъ.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Муҳимтарин нукоти сафари Ҳаҷ – 2026. Арабистони Саудӣ чӣ маҳдудиятҳо гузошт ва зоирони тоҷик чиҳоро бояд донанд?

Барои ғайриқонунӣ ба Ҳаҷ рафтан то 26 500 доллар ҷарима ва ё ҳатто 6 моҳ ҳабс пешбинӣ шудааст.

Нигаронии Давлаталӣ Саид аз тақсими замин дар Хатлон

Раиси вилоят гуфтааст, ки ин вазъ ба некӯаҳволии сокинон “таъсири манфӣ мерасонад”.

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 9 нафар собиқадорони ҶБВ боқӣ мондаанд.

Дар Тоҷикистон иди Қурбон кай таҷлил мешавад?

Муфтии кишвар рӯзи эҳтимолии онро гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Чанд рӯзи оянда дар Тоҷикистон селу хокбориш пешбинӣ мешавад

Аз шаҳрвандон даъват мешавад, ки аз чораҳои эҳтиётӣ кор гиранд.

Маъмултарин ҳолатҳои риоя нашудани қонунгузории меҳнат дар Тоҷикистон кадомҳоянд?

Соли 2025 бар асари риоя нашудани қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар корҳо 18 нафар ҳалок ва 22 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.